Куни бо падар кашӣ аз писар
Волидайни пирӣ худро эҳтиром кунед то фарзандон то фарзандон аз шумо биомӯзанд.
Марде чун дид,ки падараш тамоман пиру нотавон гаштааст ва аз ӯ ягон фоидае дигар намерасад ҳатто баръакс падари бечораро ба хонаи пиронсолон бурда мемонад. Ҳангоми бозгашт писари хурдсолаш вайро дар назди дар бо саволи:
«Ту нишонаи он ҷойеро, ки падаратро бурди навишта гирифтӣ?» пешвоз гирифта падарро дар ҳайрат мегузорад. Вай ба саволи писараш саволи ҷавобӣ медиҳад,ки :
Ту чӣ мехоҳи ба аёдаташ равӣ?.
Ҷавоби писарбача аз саволи додааш ҳам мутаҳаййиркунандатар буд ӯ гуфт :
Не ман бояд нишонии он ҷойро дошта бошаму донам,ки туро вақти пириат ба куҷо барам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ