Ҷ. Исмоилов: Агар устодони касбӣ медоштем…

  Ба клипмейкерони мо пеш аз ҳама касбият намерасад. Аввалин коре, ки онҳо мекунанд пеш аз ҳама бо нуру рушноӣ кор кардан аст, ки инро бояд хуб дарк кард.  Аммо дидани баъзе аз клипҳо собит  месозад, ки имрӯз қисми зиёди  клиппмейкерони мо ин чизро нодида мегирад. Аниқтараш дар ин роҳ касбияташон намерасад. Зеро аксарияти  онҳо ба навор гирифтани тӯю маъракаҳо ва клипбардориро баробар мешуморанд.  Инчунин  дар кишвари мо, хоса дар вилояти мо як-ду нафар кори якчанд нафарро иҷро мекунад, ки ин ҳама ба сифати клип таъсири амиқ мерасонад.

Илова бар ин агар дар мо устони касбӣ мешуданд ин ҷиҳатро дар донишгоҳ меомӯзониданд боз ҳам хубтар мешуд ва барои тезтар рушд кардани ҷавонон мусоидат мекард. Дар суруди санъаткорони мо беҳтарин клипҳоро бардошта мешуд. Аммо имрӯз ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳар ҷавони санъаткор  маблағе пайдо мекунаду пеши худ суруд ё клипе тайёр мекунаду пешкаши мухлисонаш мегардонад.  Албатта дар ин ҳол  на ҳамаи он сурудҳо сифати хуб доранду эффекти хуб дода метавонанд…

Идомаи сӯҳбатро дар шумораи навбатии ҳафтаномаи “Оила” мутолиа намоед.

                                                                                                                                                                Фарзона Муродӣ

 

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *