Кушониён: ҷавоне худро “духтар” карда, 400 ҳазор рубл гирифт
Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилии кишвар ба ШВКД ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе бо ариза марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлоли ноҳияи Кӯшониён муроҷиат намуда, шикоят кардааст, ки “аз моҳи январи соли 2021 дар саҳифаи интернетии “Одноклассники” бо шахсе бо номи “Алҳамдуллилоҳ”, ки дар саҳифааш сурати духтарро гузошта, худро бо номи “Амина” муаррифӣ мекард, шинос шуда, бо ӯ бо тариқи хатнависӣ (мукотиба) сӯҳбат кардааст. Ба гуфтаи сокини Кӯшониён, “Амина” бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, дар муддати ним сол аз вай 400 ҳазор рубли русӣ (!!!) гирифтааст.” Ин маблағ муодили беш аз 5 ҳазору 500 доллар аст.
Маркази матбуоти ВКД хабар дод, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 23-солаи сокини пойтахт бо гумони содир намудани ин кирдори қаллобӣ дастгир карда шуд.
Нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ