Падар фарзанди худро корд зад
Дар шаҳри Турсунзода муноқишаи оилавӣ ба корзанӣ анҷомидаст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нохуш бегоҳи 2 июл, тахминан соати 19:00 дар ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода рух додааст.
Гуфта мешавад, муноқиша миёни падару писар сурат гирифтааст ки дар натиҷа падар бо корди ошхонагӣ як маротиба ба қисмати чапи шиками фарзанди худ зарба задааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ