Пулчинаки дағалгуфтор ҳабс шуд

Одинаев санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар назди маркази савдои «Садбарг» аз дохили автомашинаи мусофиркашони ҷамъиятии хатсайри №55 бе сабабҳои узрнок мусофиронро фаровардааст

Як гурӯҳ шаҳрвандон, мусофирони хатсайри №55 (пештара №33) мақомоти марбута вобаста ба амалкарди пулчинаки автомашинаи хатсайри мазкур, ки нисбати мусофирон дағалгуфторӣ намуда, онҳоро дар нимаи роҳ аз автомашина фароварда, то охири хатсайр набурдааст, чораҳои дахлдори қонунӣ андешанд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли навор аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе даъват намудаанд, ки нисбати рафтори дағалонаи пулчинак баҳои ҳуқуқӣ дода шавад.

Зимни таҳқиқи ҳодиса маълум гардид, ки номбурда санаи 26-уми июни соли ҷорӣ дар назди маркази савдои «Садбарг» аз дохили автомашинаи мусофиркашони ҷамъиятии хатсайри №55 бе сабабҳои узрнок мусофиронро фароварда, ҳамзамон бо суханони дағал нисбати мардум ва ҷомеа бадрафторӣ намудааст.

Воқеан ин амали дастгиршуда Одинаев Аъзам ба беэҳтиромӣ нисбат ба ҷамъият ва вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ мансуб буда, нисбаташ тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб ва аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур ҷазо дар намудаи ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7-шабонарӯз таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *