Куштор дар назди идораи барқ

Ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш ӯро ба назди идораи шабакаи барқии ноҳия бурда, ба чуқурӣ тела дода, баъди афтидан бо роҳи буғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Тавре, ки Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, рӯзи 13-уми декабри соли 2020, дар ноҳияи Файзобод ҷасади зани ҷавонеро пайдо кардаанд,ки шавҳари ӯ ба гумони куштор боздошт шудааст..
Ҷасадро аз чуқурии назди идораи шабакаи барқии шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод,пайдо карданд ки марҳума ҷавонзани 24-сола, сокини ҷамоати деҳоти Д. Алиеви ҳамин ноҳия будааст ва дар он аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шудаст.
Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия шавҳараш, марди 32-солаи сокини Файзобод, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.
Бино ба гузориши манбаъ, мард 11-уми декабри соли 2020, тахминан соати 10:30-дақиқа, ҳангоми муноқишаи оилавӣ бо ҳамсараш ӯро ба назди идораи шабакаи барқии ноҳия бурда, ба чуқурӣ тела дода, баъди афтидан бо роҳи буғӣ ба ҳалокат расонидааст.Баъдан, ҷасадро зери хок карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *