Олим- агроном, муҳосиб. Раиси ноҳияи Шаҳринав кист?

Ҷаббор Носирзода, раиси нави ноҳияи Шаҳринав 49 сол дошта, то расидан ба ин мақом муовини раиси шаҳри Ҳисор будааст.

Тавре ки сомонаи Pressa.tj хабар ёфт, Носирзода Ҷаббор 15 июни соли 1971 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 2010 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро бо ихтисоси олим-агроном хатм карда, сокини Ҷамоати Дурбати ноҳияи Ҳисор мебошад.

Фаъолияти кориашро соли 1988 ба ҳайси коргари хоҷагии ба номи Держинскийи ноҳияи Ҳисор оғоз карда, солҳои 1989-1994 муҳосиби музди меҳнати хоҷагӣ, солҳои 1995-1996 иқтисодчии хоҷагӣ, солҳои 1996-2016 иқтисодчии калони хоҷагӣ шуда кор кардааст.

Солҳои 2016-2019 сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Ҳисор ва солҳои 2019-2020 муовини раиси шаҳри Ҳисор оид ба соҳаи кишоварзӣ буд. Ҷаббор Носирзода аз 21 ноябри соли 2020 иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳринав мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *