Файзуллоев раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид

Имрӯз, 14-уми декабр  бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон вакили Маҷлиси намояндагон Машраб Файзуллоев раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон  оид ба иқтисод ва молия интихоб гардид.

Дар ин бора Муҳамадато Султонов,  котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон ба Pressa.tj хабар дод. Номбурда афзуд, ки  дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон  Маҳмадтоир Зокирзода баргузор гардид, ҳамчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи заминсозӣ», Протокол оид ба ҳифзи намунаҳои саноатӣ ба Конвенсияи патентии Авруосиёгӣ аз 9 сентябри соли 1994 ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни баромади Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода роҷеъ ба масъалаи якуми рӯзнома таъкид карда шуд, ки мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи Қонун аз мутобиқгардонии меъёрҳои Қонуни амалкунанда ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси щаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» иборат мебошад.

Дар лоиҳаи Қонуни мазкур мафҳумҳо, принсип ва мақсадҳои  заминсозӣ мушаххас карда шуда, мухолифат ва номукаммалӣ дар таълифи меъёрҳо бартараф ва меъёрҳои таъмини истифодаи пурра, оқилона ва самараноки замин мукаммал гардонида шудаанд.

Тибқи таклифу пешниҳодҳо кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»  матни лоиҳаи Қонун такмил дода шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *