Кӣ бештар гунаҳгор? “Крутой” ё пиёдагард?

Аксарият рафтори ронандаи мошини сафедро, ки ҷабрдидаро дар маҳалли садама партофта, фирор кард, маҳкум кардаанд.

Дар Фейсбук видеои лаҳзаи як пиёдагардро зада афтондан дар яке аз кӯчаҳои пойтахтро нашр шудааст.
Дар видео ронандаи як мошини гаронбаҳои рангаш сафед бо рақамҳои “крутой”-и 20 01 ОО 01, баробари сабз шудани ранги чароғаки роҳ бо шаст ба ҳаракат медарояд. Дар ҳамин лаҳза, як ҷавони пиёдагард мехоҳад саросема роҳро убур кунад. Ронанда бо як тарафи мошин ҷавонро мезанад ва ӯ дар рӯи роҳ меафтад. Ронандаи мошин гӯё чизе нашуда бошад, ба ҳаракаташ давом медиҳад ва дар як они воҳид аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

www.facebook.com/100001903792617/videos/4686765478063532/?t=38

Ронандагони мошинҳои дигар баракс мунтазир меистанд, то ҷавони дар роҳ афтода ба по бихезад. Ҷавон баъди чанд лаҳза ба пои худ рост мешавад ва шитобон аз роҳ берун мешавад.Баъзеҳо ҷавон зарбхурадаро гунаҳгор мекунанд,ки бо сурх шудани ранги чароғак талоши убур аз роҳи мошингардро кардааст. Аммо гуруҳи дигар мегӯянд, ҳарчанд пиёдагард беайб набуд, ин ба ронандагон набояд ҳақ бидиҳад, ки пиёдагардро ба чунин шакл пахш бикунанд. Аксарият рафтори ронандаи мошини сафедро, ки ҷабрдидаро дар маҳалли садама партофта, фирор кард, маҳкум кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *