Латифзода:  Тафтишоти пулгирии сардори раёсат идома дорад  

 Латифзода:  Тафтишоти пулгирии сардори раёсат идома дорад

 

Марҳабо Латифзода, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон зимни  нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар Тоҷикистон 7503 никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2146 адад кам мебошад. Дар шаш моҳи аввали соли равон 5040 ҳолати бекор шудани ақди никоҳ сабт шудааст, ки дар қиёс ба соли гузашта 516 ҳолат зиёд будааст.Ба саволи хабарнигори “Тоҷикистон таймс” дар мавриди  он,ки чаро Сардори раёсати кор бо занони ноҳияи Истаравшан  бо вуҷуди он,ки худаш ба талаби нисфи маблағи мукофот  аз ғолиби озмуни “Гулдахтари суғдӣ” иқрор кардааст, аммо то ҳол дар ин вазифа кор мекунад, Латифзода гуфт, ки ҳоло тафтишот дар  ин самт идома дорад ва аз натиҷаи он хабарнигоронро огоҳ хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *