Се тоҷик ва бригадир ба ҷоҳ афтода, мурданд

Як чоҳи канализатсия дар маҳаллаи Новая Москва дар пойтахти Русия ба гӯри бародарии се мардикори тоҷик ва бригадири армании онҳо табдил ёфт. Талоши наҷоти якдигар дар ниҳоят мунҷар ба ҳалокати ҳамаи ин 4 коргар дар чуқурии 7 метр бар асари нафас кашидани гази метан шуд…

Нашрияи «МК”-и чопи Маскав ҷузъиёти ҳалокати 4 коргар, бо шумули се шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Арманистон дар минтақаи Новая Москваро нашр кард.

Бино ба ин гузориш, фоҷиаи мудҳиш шоми 26 июл, соати тахминан 18:30 дар як сохтмон дар кӯчаи Индустриалная дар ҳавзаи Шербинка рух додааст.

Хабарнигори «МК”, ки ба ҷои ҳодиса рафта ва бо шоҳидон сӯҳбат кардааст, мегӯяд, се мардикорони тоҷик ва бригадири арманииҳо дар инҷо машғули пур кардани котлован будаанд.

Он чоҳи канализатсионии фалокатовар дар наздикии боғчаи кӯдакон ҷойгир шуда, пур шуда буд. Чанд рӯз қабл коргарони «Мосводоканал” кӯшиш кардаанд, ки чоҳро тоза кунанд, вале натавонистаанд.

Ба гуфтаи дигар коргарони тоҷики ин сохтмон, шоми чоршанбе, вақте алакай басти корӣ тамом мешуд, яке аз мардикорони тоҷик мустақилона ба чоҳ фаромадааст, ки онро тоза кунад. Баъди чанд муддат, вақте ӯ аз худ дараке надод, боз як мардикори дигар аз паси вай ба чоҳ фаромадааст. Вале аз ӯ ҳам дараке нашудааст ва коргари сеюм ба суроғи онҳо ба умқи чоҳ пойин шудааст.

Пайи ҳам гум шудани коргаронаш бригадири арманиро нигарон кардааст ва ӯ респиратор пӯшида, худаш ҳам ба чоҳ даромадааст. Вале ҳатто респиратор ӯро наҷот дода натавонист ва коргарони дигар баъди чанде аз умқи ин чоҳ 4 ҷасадро берун кашиданд.

Бино ба арзёбиҳои муқаддамотӣ ин 4 коргар аз гази метан заҳролуд шудаанд. Дар маъмурияти ҳавзаи Шербинка ба «МК” гуфтаанд, ки Шербинка дар як замини ботлоқзор ҷойгир шудааст ва ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ дар инҷо бо таҷаммӯи гази метан зиёд рӯбарӯ мешаванд.

Дар робита ба ҳалокати 4 коргар дар Шербинка бар асоси моддаи «вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ” парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд. Вале намояндаи ширкати корфармои 4 коргари ҳалокшуда ба хабарнигори «МК” гуфтааст, ки касе аз ширкат онҳоро барои тоза кардани он чоҳи канализатсионӣ супориш надода буд ва ин 4 нафар аз пеши худ ва бо ташаббуси худ ба он чоҳ даромадаанд.

Ҳар сол дар Русия, бино ба ҳисобҳо, беш аз 1000 нафар аз муҳоҷирони тоҷик ба иллатҳои мухталиф, аз ҷумла ба сабаби фалокатҳо дар ҷои кор вафот мекунанд. Яъне ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз дар Русия то 3 муҳоҷири тоҷик ба зиндагӣ падруд мегӯяд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *