…лекин Комроншоҳ бурда буд, мурғӣ карданд

  Барои ду сол аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ манъ кардани паҳлавони шинохта Комроншоҳи Устопириён ба мавҷи интиқодҳо рӯбарӯ шудааст. Ба ақидаи аксар, мақомот ба ҷои пешгирӣ аз ғиромбозӣ дар мусобиқаҳои гуштӣ ин паҳлавони ҷавонро мешикананд.

Далер Искандаров, як муҳоҷири тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар як номаи пурэҳсос ба сомонаи «Ахбор” қарори гурӯҳи кории Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистонро, ки паҳлавони маъруф Комроншоҳи Устопириёнро аз 1 апрели соли равон то 1 апрели соли 2019 аз ҳаққи ширкат дар мусобиқаҳои гуштии миллӣ маҳрум кард, шикастани ин паҳлавони ҷавон номидааст.

Далер Искандаров менависад: «Салому дуруд аз бачаҳои ғариб. Мо аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш дорем, ки чунин варзишгаронро аз майдон дур накунед! Дар тамоми дунё номи Комроншоҳ маъруф аст, мегӯянд, ба мисли Расул Боқиев ҳоло дар Аврупо ном ба номи Комроншоҳ рафта истодааст. Чунин варзишгарро аз майдон дур кардан хеле кори ноҳақ кардан аст. Чаро он довареро, ки ноҳаққӣ кард, касе чизе нагуфт? Агар ин хел рафтан гирад, варзиши тоҷик хеле паст мешавад. Шумо гурӯҳ ташкил кардед, ки кори Комроншоҳро тафтиш кунад, Шумо гурӯҳе ташкил кунед, ки дар варзиши тоҷик, ба таъбири мардум, тағобозӣ накунанд, маблағ талаб накунанд.”

Умед Фатҳуллоев дар поварақи гузориш дар бораи ин қарор навиштааст, «Тоҷикистон ҳамин аст, ҳақиқатро талаб кунӣ, маҳрумат мекунанд. Ман мухлиси гуштӣ нестам, лекин Комроншоҳ бурда буд, мурғӣ карданд.”

Файзинисо Воҳидова ҷазои шадид нисбат ба Комроншоҳи Устопириёнро «дуздиву пешхезӣ” номида, гуфтааст, чунин муносибат боиси аз Ватан ранҷидану фирори варзишгарони хушноми тоҷик мешавад: «Дар ҳаққаш ғиромӣ карданд, ғолибияташро дуздиданд, боз ҷазо доданд. Ана ин яке аз роҳҳои дур кардани варзишгарон аз варзиши ватаниву рондан аз Ватан мебошад.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *