Пирӯзии зебосанами тоҷик дар Украина

Духтари 16-солаи тоҷик Моника Рустамова дар озмуни «Miss Kharkiv International 2017” сазовори ҷоизаи тамошобинон шуд. Барои ин духтари тоҷик қариб ҳазор аз сокинони шаҳру вилояти Харкови Украина овоз додаанд.

Шоми 28 март дар шаҳри Харкови Украина даври ниҳоии озмуни «Miss Kharkiv International 2017” ҷамъбаст шуд. Дар ин озмун, ки дар байни хориҷиёни сокини шаҳру вилояти Харков доир мешавад, имсол ҷоизаи аввал ва унвони Маликаи зебоии Харков насиби як духтари ҷавон аз кишвари африқоии Нигерия шуд.

Аммо ҷоизаи тамошобинонро духтари 16-солаи зодаи Тоҷикистон Моника Рустамова ба даст овард. Дар овоздиҳӣ дар Интернет 15 963 нафар маҳз Моникаро сазовори унвони зеботарин духтари Харков донистаанд.

Моника Рустамова дар Харков ба дунё омадаву ба воя расидааст, вале падари ӯ аз Тоҷикистон аст. Моника дар сӯҳбат бо хабаргузории «Спутник» гуфт, ки ӯро ҷамъияти тоҷикони Харков ҳамчун намояндаи худ ба ин озмун интихоб кард.

Моника имсол мактаби миёнаро хатм мекунад ва мехоҳад барои омӯхтани забонҳои англисӣ ва чиноӣ ба риштаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи Харков дохил шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *