Суғд: Муҷассамаи қаҳрамонони «Тоҷикфилм» қомат афрохт

Дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд муҷассамаи қаҳрамонони филми «Ман бо духтаре вохӯрдам» гузошта шуд. Ин муҷассама дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз қомат афрохт буд, ки дар он қаҳрамонони филм Лола ва Саид таҷассум ёфтаанд. Дар рӯзи ба истифода додани муҷассама раиси шаҳри Хуҷанд Шариф Шарифзода ва дигар меҳмонон иштирок намуда гуфтанд, ки ин мавзеъ аз ин ба баъд як ҷойи хуби дидорбинии ҷавонон хоҳад шуд.  Муҷассама аз ҷониби ширкати мобилии «Мегафон Тоҷикистон» сохта ба истифода дода шуд.

Масъулини ширкати мазкур ният доранд  дар оянда дар мавзеи боғ, дар назикии муҷассамаҳо  мавҷи интернетии «Wi-Fi»-ро фароҳам месозанд, то ҷавонон дар баробари истироҳат аз шабакаҳои интернетӣ низ истифода бурда аз  фанофариҳои муосир воқиф шаванд.

                                                                                                                                                           Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *