Ленин хайрхоҳи тоҷикон буд ё…?
Рӯзи 21-уми январ аз даргузашти Владимир Илйич Ленин, инқилобгари рус, бунёдгузори ҳизби болшевикӣ ва бунёдгузори Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) 100 сол сипарӣ шуд. Беш аз 70-сол Тоҷикистон ҷузъи Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва Ленин барои мардуми тоҷик “доҳӣ” маҳсуб меёфт. Бо фурӯпошии Шӯравӣ назарҳо ба сиёсати болшевикӣ тағйир ёфт, аз ҷумла ба шахсияти Ленин низ назарҳои мухолиф ба вуҷуд омаданд. Иддае ӯро ба он гунаҳгор мекунанд, ки ноадолатӣ нисбат ба тоҷикон дар тақсимоти милливу марзии солҳои 20-ум аз сиёсати ӯ сарчашма мегирад…
Камолиддин Абдуллоев, муаррих:
-Ленин бо вуҷуди хайрхоҳ будан ба тоҷикон дар бораи онҳо кам медонист. Дар асарҳои Ленин калимаи «тоҷикон» танҳо як бор зикр шудааст. Ӯ дар иқтибосҳо аз китоби Отто Ҳубнер «Ҷадвалҳои ҷуғрофӣ-оморӣ» (1916) тоҷиконро ҳамчун яке аз ақаллиятҳои миллии Бухоро, ки Ленин онро «давлати тобеи рус» номидааст, зикр мекунад. Хулосаи ӯ дар бораи худи Бухоро якранг буд: «Сокинонаш тақрибан ҳама муҳаммадӣ ҳастанд… Ислом дар онҷо ҳукмфармост. Озодии дин комил аст.»
Ленин амали нерӯҳои подшоҳиро дар Осиёи Марказӣ «ғасби мустамликавӣ» ва худи минтақаро «мустамликаи навъи ҷадид» номидааст. Ба ибораи дигар, ӯ тоҷиконро дӯст медошт, вале ғоибона. Ӯ ба вазъи сангини онҳо ҳамдардӣ мекард ва ваъда дода буд, ки ҳам бо сухан ва ҳам дар амал ба онҳо кумак мекунад.
Намояндагони тоҷикон дар ниҳодҳои болоии давлати Шӯравӣ камтар буданд. Аз раҳбарони тоҷикон танҳо хуҷандиҳо – Абдулло Раҳимбоев ва Аҳмадбек Мавлонбеков, ки ҳар ду узви ҳайати вакилони Туркистон дар анҷумани X Ҳизби коммунистии Русия дар моҳи марти соли 1921 буданд, дар ҳошияи анҷуман бо Ленин вохӯрдаанд.
Мирзо Маҳмудов, таърихдон:
-Идеяҳои Ленинӣ барои мардуми тоҷик боманфиат набуданд. Махсусан, баъди марги ӯ, идеяҳои ӯро “дастак” карда, тамоми шахсиятҳои бузурги тоҷик муборизон, равшанфикрон, озодандешон ва олимонро дар солҳои 1937-1938 бе гуноҳ ба қатл расонда, ҳазорҳо нафари дигарро зери таъқиб қарор дода, аз ватанашон бадарға карданд. Рӯҳия ва ҳисси миллиашонро шикастанд. Ленин гуфта буд, ки тақсимоти милли-территориявиро нодуруст гузаронед ва маркази илму фарҳанги миллати тоҷик Самарқанду Бухороро ба ҳайати Узбекистон дохил кунед. Таърихро фиреб дода намешавад, ҳамаи каҷравиҳои роҳбарони собиқ Партияи коммунистии СССР аз идеяиҳои Ленин сарчашма мегирад. Аз ҳамин сабаб пас 70 сол давлати абарқудрати СССР барҳам хурд. Чуноне, ки мегӯянд «Бори каҷ ба манзил намерасад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ