Либоси миллии мардона чаро аз он ор мекунем?

Ҳамасола роҳбарони мақомоти ҳукуматию давлатӣ маъракаи тарғибу ташвиқи эҳёи  либоси миллӣ мекунанд, вале ҳамеша аз занон мегӯянд.  Инчунин аз тарафи Вазорати маъориф ва илми Тоҷикистон қароре бароварда шуд, ки аз мактабҳои миёна то донишгоҳу донишкадаҳо  аз толибилмон то омӯзгорон сар карда аз 1-уми март то фарорасии Наврӯзӣ хуҷастапай яъне 1-уми апрел бо либоси миллӣ (атласу адрас ва чакан) ба дарсҳо ҳозир шаванд. Иқдомест, ки ҷонибдораш ҳастем. Аммо дар қарори мазкур ва дигар низомномаю дастурҳои озмунӣ ишорае дар бораи либоси мардонаи миллӣ вуҷуд надорад. Саволе ба миён меояд, ки оё мо мардони тоҷик либоси миллии худро надорем, ки дар маросиму маъракаҳои расмӣ, мактабу донишкадаҳо бо ифтихор ба бар кунем?  Маҳз ҳамин андеша моро водор сохт, ки бо як савол миёни мардум  назарсанҷӣ баргузор намоем:  «Чаро тарғиби пӯшидани  либоси миллиро фақат ба духтарону занони тоҷик раво мебинему  ба мардони тоҷик не?»

(Натиҷаи назарпурсиро дар шумораи чоршанбегии (22 феврали соли равони)  ҳафтаномаи «Тоҷикистон» мутолиа намуда, ибрози афкори шуморо интизорем ).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *