Моҳпайкари Рӯдакӣ аниқ шуд

Дар Ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ даври аввали Фестивали либосҳои миллӣ таҳти унвони «Моҳпайкари Наврӯз» доир гардид. Тавре хабар ёфтем, фестивал бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли ҷавонон гузаронида шуд.
Дар фестивал ҷавондухтарони ҷамоат фаъолона иштирок намуда, тарзи дурусти аз бар намудани либоси миллиро бо завқу маҳорати баланд пешкаши ҳайати ҳакамон ва дигар иштирокчиён намуданд. Шартҳои асосии фестивал шинаму зебо будани либос, инъикос шудани нақшу нигори миллӣ, тахайюлоти эҷодии тарроҳ ва аз матои миллӣ, аз қабили атласу адрас ва алоча омода шудани либос буд.
Ташаббускорони фестивал ҳадафи барномаи фарҳангиро намоиш додани ҳунари волои тарроҳон ва ба ин васила тарғиб намудани либосҳои миллӣ ҳамчун рукни муҳими фарҳангӣ маънидод карда, зикр намуданд, ки даври ҷамъбастии фестивал дар рӯзҳои ҷашни Наврз дар шаҳраки Сомониён натиҷагирӣ шуда, моҳпайкари Рӯдакӣ муайян карда мешавад.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *