Сарвазир ва муовини вазир дар бораи ҳамкориҳо ҳарф заданд

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо муовини Вазири кишоварзии Федератсияи Россия Евгений Громико мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили марбут ба ҳамкории байниҳукуматии Тоҷикистону Россия дар соҳаи кишоварзӣ ва тиҷорати агросаноатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо ба таври мушаххас доир ба масъалаҳои тақвияти содироти маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили содироти меваю сабзавоти хушсифати Тоҷикистон ба Федератсияи Россия ва беҳтар гардонидани шароиту имкониятҳои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаи кишоварзӣ табодули афкор намуданд.
Ҷиҳати мусоидат ба шароити созгори содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия тавассути бунёди коргоҳҳои агросанотии банду баст, таъсис ва бунёди марказҳои логистикию сардхонаҳои нигоҳдории меваю сабзавот фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуданд.
Ҳамчунин барои бартарафсозии монеаҳои ба рушди ҳамкории кишоварзии дуҷониб таъсиррасон, аз ҷумла мушкилоти ҳамлу нақли маҳсулот аз Тоҷикистон ба Россия тавассути роҳи оҳан ва бозбинии тарифҳои гумрукии интиқоли он таклифҳои баманфиат пешниҳод гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *