Фоҷиа дар Сангвор

Дар пайи тармафароӣ дар як деҳаи ноҳияи Сангвор (Тавилдараи пешин), се хонавода зери тарма мондаанд. Дар ин ҳодиса 1 нафар ҷон бохта ва 17 нафари дигар аз зери тарма берун оварда шуданд.Ба иттилои Муҳаммад Сафиев, навбатдори шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сангвор, ҳодиса шаби 18 ба 19 феврал дар деҳаи Калп дар 100-километрии маркази ин ноҳия рух дода ва феълан бинобар тармафароӣ ва тахриби хатҳои иртиботӣ, тамос қатъ шудааст. Муҳаммад Сафиев гуфт, ки дар ҳоли ҳозир ба ин минтақа чархбол фиристода шудааст.Дар ҳамин ҳол Умеда Юсупова, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, ки субҳи рӯзи чаҳоршанбе Рустам Назарзода, раиси ин ниҳод бо чархбол дар раъси як комиссияи ҳукуматӣ озими ноҳияи Сангвор шудааст. Вай афзуд, ки танҳо баъд аз муайян кардани ҳаҷми хисорот, иттилои дақиқеро дар ин робита дар ихтиёри матбуот хоҳанд гузошт.Ин дар ҳолест, ки тӯли се ҳафтаи ахир манотиқи мухталифи кӯҳистонии Тоҷикистон дар пайи барфбории шадид бо тармафароиҳо рӯбарӯ шудаанд. Манобеи расмӣ аз ҳалокати 16 нафар дар тармафароиҳои ахир дар вилояти Бадахшон ва шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, хабар доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *