Лигаи олӣ: фарҷоми давраи аввали чемпионат
Бошгоҳи футболи «Истиқлол» -и Душанбе вохӯриашро дар даври ҳафтуми Лигаи олии Чемпионати Тоҷикистон бо дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа шоми 24 апрел дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бо ғалаба анҷом дод.
Ду тӯби ба дарвозаи меҳмонон дар қисми аввали вохӯрӣ воридкардаи Фатхулло Фатхуллоеву Ҷаҳонгир Эргашев тақдири бозиро ба фоидаи мизбонон ҳал кард. Душанбегиҳо аз панҷ вохӯрӣ 13 холро соҳиб шуда, ба садри ҷадвали мусобиқаи Лигаи олии кишвар баромаданд.
Баъд аз ин «Истиқлол» бозии мавқуфгузоштаашро аз даври дуюм 27 апрел бо дастаи КМВА «Помир» дар майдони Академияи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар маҳаллаи Алмосии Ҳисор доир менамояд. Оғози вохӯрӣ соати 16.30 дар назар аст.
Бо ҳамин бозиҳои давраи якуми Чемпионати Тоҷикистон ба фарҷом расида, 29-30 апрел бозии аввалини давраи дуюми он шурӯъ мешавад. Дар ин рӯзҳо «Барқчӣ» – «Панҷшер», «Вахш» – «Истиқлол», «Ҳосилот» – КМВА «Помир» ва «Регар-ТадАЗ» – «Хуҷанд»бо ҳам вомехӯранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ