Лино Рӯзбеҳ Ҳайдарӣ — Афғонистон
Дилам гирифт
Дилам гирифт,
На барои худам,
Барои сояи гумшудаи як дарахти олуболу.
Ки худро кашида- кашида ба моварои девор расонид ва хушкид.
Дилам гирифта,
На барои шишаи шикаста.
Барои қоби холии панҷара, ки ҳар рӯз,
Марги ўро бо хатми инъикоси нур ҳазён мекунад.
Дилам гирифта,
На барои оғоз,
Барои хатми ҳезумҳои хушке, ки дар танури рӯзгор,
Ба ёди даштҳои гули арғувонӣ,
Ҷараққа гиря мекунанд.
Дилам гирифта,
Аз ҳама буданҳое, ки будем,
Ҳастамҳое, ки ҳастем.
Ва хоҳам буданҳое,
Ки ба иҷбор хоҳем буд.
Дилам гирифта,
Барои дарахте, ки қад кашиду мурд,
Панҷарае, ки шишааш шикаст,
Ва ҳезуме, ки рӯзе аз ҷинси гул буд.
Дилам гирифта,
Мисли хусуф.
Дар сояи нохарошидаи чархиши рӯзгор,
Ки сиёҳиро ҳамеша бар нур,
Ғолиб месозад.
***
Гуфта будам
Гуфта будам, ки дигар зинда ҳисоре нашавам,
Мурда бошам, ба ҳар зинда қароре нашавам.
Гуфта будам, ки дар ин шаҳри пур аз рангу риё,
Ба ғаму ранҷи касе роҳи фирореи нашавам.
Гуфта будам, ки ба тороҷи ғами марги чаман,
Зи рагам хун нафишонам, баҳоре нашавам.
Гуфта будам, ки дар ин ҳабси абад ғайри худам,
Пури парвоз ба ҳар ҷуғдтаборе нашавам.
Гуфта будам, ки чунин соддаву берангу сафед,
Маҳви атри дари ҳар ғурфаатторе нашавам.
Гуфта будам, нашунидам, суханам монду бимурд,
Ман чӣ сон дар ғами ҳар гард, ғуборе нашавам.
***
Зиндагӣ
Як панҷа нур буду худо буду зиндагӣ,
Як хона дар ҳарими сано буду зиндагӣ.
Як шодии амиқ ниҳон дар ду пилки чашм,
Сад шӯру сад танину наво буду зиндагӣ.
Ёдам намеравад, ки чиҳо рафту хок шуд,
Як шаҳри бекарон, ки зи мо буду зиндагӣ.
Шаб моҳу рӯз раҳмату хуршеду нури ў,
Сурхӣ фақат ба ранги ҳино буду зиндагӣ.
Дар сояи қаноату дар партави умед,
Ҳар кас ба занди хеш ризо буду зиндагӣ.
Мардонагӣ, усулу мурувват, асоси кор,
Ханҷар задан зи пушт хато буду зиндагӣ.
Дар роҳу расму хатту нишон, возеҳу дурушт,
Ҳар душману чӣ дӯст, баҷо буду зиндагӣ.
Оре, гузашт рӯзу замону усули пор,
Онҷо, ки аслу шарт, вафо буду зиндагӣ.
Он рӯзҳои обию он рӯзгори сабз,
Вақте, ки сулҳу меҳру сафо буду зиндагӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ