Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Дар Бӯстон 110-солагии Турсунзодаро бошукуҳ таҷлил мекунанд

Дар шаҳри Бӯстони ба ифтихори 110 –солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар гулгушти Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзӣ ҷашнӣ гузошта шуд.

Ҳамзамон, чанде қабл қарори раиси шаҳри Бӯстон “ Дар бораи таҷлили 110 солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода” ба тасвиб расида буд. Дар он зикр карда шудааст, ки бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадрдонӣ ва гиромӣ доштани хотираи Шоири халқи Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ва баланл бардоштани эҳсоси худшиносиву худогоҳии милии сокинони шаҳр, тарғиби дӯстиву рафоқат ва эҳтирому арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ моҳи майи соли 2021 дар шаҳри Бӯстон 110 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бошукӯҳ таҷлил карда шавад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.