Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Аз тағйири рутбаҳои ҳарбӣ то 80- солагии Абдунабӣ Сатторзода

Дар Тоҷикистон мехоҳанд рутбаҳои ҳарбиро тоҷикӣ кунанд. Кумитаи забон ва истилоҳоти кишвар ахиран эълон кард, ки тарҳи тоҷикии рутбаҳои ҳарбиро ба Ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст.

Агар ин пешниҳод қабул шавад, дигар ба ҷойи лейтенант, сержант, капитан, майор ва полковнику генерал гузинаҳои тоҷикии он таҳмовар, таҳмдор, сарвашт, саргурд, гурдсолор ва артишсолор қабул хоҳад шуд. Мақомоти кишвар ба ин пешниҳод чӣ посух гуфтаанд? Дар умум мардум ба ин пешниҳод чӣ вокуниш нишон доданд? “Тоҷикистон” дар як матлаби муфассал ин масъаларо пайгирӣ кардааст.

Олими маъруф, адабиётшинос, сиёсатмадор ва дипломат профессор Абдунабӣ Сатторзода 80-сола шуд. Ба ин муносибат “Тоҷикистон” бо ӯ суҳбати ихтисосӣ анҷом додааст. Дар ин суҳбат назари Сатторзодаро оид ба вазъи кунунии адабиёт ва илми тоҷик мутолиа хоҳед кард. Ҳамчунин, рӯзгори олим ва мавзуъи ба сиёсат пайвастанаш мавриди барассӣ қарор гирифтааст. Абдунабӣ Сатторзода, узви ИНОТ, Комиссияи оштии миллӣ ва ҷонишини вазири корҳои хориҷии кишвар буд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии кишвар ҷузъиёти парвандаи Хӯҷа Каримов, маъруф ба Хӯҷа-командирро шарҳ дод. Номбурда гуфт, ки Хӯҷа Каримов ба қатли зиёда аз 20 нафар гумонбар дониста мешавад. Ин қумандони дар солҳои 90-ум ба хунхорӣ маъруфро чӣ интизор аст? “Тоҷикистон” ба ин савол аз Рамазон раҳимзода ҷӯёи посух шудааст.

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов ҳафтаи равон аз олам даргузашт. Дар мақолаи муфассали Ортиқи Қодир рӯзгори ин ҳунарманд ва нақши ӯ дар рушди санъати тоҷик бозгӯ шудааст.

Ҳамчунин, дар шумораи навбатии “Тоҷикистон” шумо метавонед матолиби зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва варзиширо мутолиа кунед. “Тоҷикистон”-ро ҷӯед, ёбед ва хонед, зеро рӯзнома зиёд “Тоҷикистон” яктост.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.