Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Демократия, давлат, адабиёт ва сензура. Суҳбат бо Нависандаи халқии Тоҷикистон Саттор Турсун

Устод Саттор Турсун, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, яке аз шахсиятҳои таъсиргузор ва маҳбубтарин адиби кишвар 75 – сола шуданд. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо эшон, ки фишурдаи он манзури шумо мегардад.

Видеои суҳбати мазкурро дар YouTube-канали PRESSA.TJ тамошо кунед.

Нигоҳе аз қуллаи 75

-75! Аз ин қулла ба зиндагии хеш чӣ гуна назар мекунед?

-Ин чӣ қулла аст? Гузашти умр аст ин. Мегӯянд, ки Худованд давлати пирӣ диҳад. Вале ин чӣ давлат? Пирӣ худаш беморист. Гумон мекунам, бо сари баланд, хору зор нашуда, бообрӯ зистан ва бо номи нек аз дунё рафтан давлати пирӣ будагист.

Рости гап, вақтҳои охир дар мавриди адабиёт, забон, таърихи пурпечутоб ва пуразоби халқам, сарнавишти миллат ва сарнавишти инсонҳо зиёд андеша мекунам. 

Гоҳо ёди кӯдакӣ, ёди деҳа, ёди падару модарам мекунам…

-Деҳае, ки дар он зода шудаед, дар эҷодиёти шумо чӣ таъсир гузошт?

-Таассуроти аввалини ҳар як эҷодкор дар мавриди табиат, тақдири инсонҳо ва воқеаву ҳодисаҳо аз зодгоҳи ӯ маншаъ мегирад ва ман низ истисно нестам. Деҳаи ман – Пасурхӣ дар эҷодиёти ман, албатта асар гузоштааст. Ҳар чӣ аз мӯйсафедону кампирони деҳа шунидаам, дар бисоти худ нигоҳ доштаам ва дар мавриди зарурӣ истифода кардаам. Чандин даҳсолаҳо гузаштааст ва имрӯз вақте ба зодгоҳам меравам, ҳис мекунам, ки мӯйсафедони имрӯза аз мӯйсафедони замони бачагии ман фарқ мекунанд. Фикр мекунам, ки он замон забон тозатар буд, мардум бештар ба ҳам муҳаббат доштанд, аз ҳоли якдигар бохабар ва бо ҳамдигар наздик буданд. Ин дар ҳолест, ки он замонҳо мардум чандон серу пур зиндагӣ намекарданд, зиндагии нағз дар асри ХХ он ҳам баъди солҳои 50-ум оғоз шуд.

Солҳои охир ба хулосае омадам, ки деҳа дар сарнавишти мардуми эҷодкор таъсири амиқ мегузорад. Шояд мушоҳида кардаед, ки аксари адибон, рассомон ва оҳангсозони бузурги дунё дар деҳа таваллуд шудаанд. Ҳатто кӯдакии Александр Пушкин бештар дар  Михайловское бо дояаш гузаштааст. Барои ҳамин мегӯянд, ки шахсиятҳои бузург дар деҳа таваллуд шуда, дар шаҳрҳо мемиранд…

-Дӯстони ҳамқаламатон, ки бо оилаи шумо равуо доштанд, дар мавриди фазилатҳои падаратон навиштаанд. Эшон дар сарнавишти шумо чӣ таъсир гузоштанд?

-Падари раҳматиам, аввалҳо мудири маориф буданд ва баъди ин ба идораи милиса ба кор гузашта, сарвари милитсияи ноҳия шуданд, зеро дар он солҳо кадр набуд. Як муддат раиси колхоз низ буданд. Раҳматӣ, дар созмон додани мақомоти умури дохилаи Тоҷикистони Шӯравӣ дар солҳои 30-юм саҳм гирифта, муддате дар Душанбе, Данғара Кангурт, Сарои Қамар (Панҷ) фаъолият карда, баргашта ба Ватан рафтанд. Мегуфтанд, ки ба чизу моли дунё бисёр дил мабанд, зеро ба авлоди мо дуо рафтааст, на бой мешавем, на камбағал, иншооллоҳ,  муҳтоҷ нахоҳем шуд. Бинобар ин, аз китобу қаламу коғазат намон, хон, мегуфтанд. Худашон китобхониро дӯст медоштанд. Гоҳо ба побел машғул шуда, мегуфтанд, ки ту барои ман ҳамин китобро хон. Як ғам, ки аз бачагӣ дар дилам монд, аз даст додани модар буд. Модарам ҳини таваллуд аз дунё рафтанд, шаҳид шуданд. Хоҳарам 11, ман 6, додари дигарам 3- сола ва аз ҳама хурдӣ 6-рӯза будем. Шукр, ки ҳоло ҳама дар қайди ҳаётем, ба ҳамдигар меҳр дорем, шукр.

Дар паноҳи Мирзо Турсунзода

-Ташаккули шумо ҳамчун шахсият ва эҷодкор дар Душанбе сурат гирифтааст. Чӣ гуна ба ин шаҳр пайвастед?

– Дар замони ҳукмронии Никита Хрушёв қароре баромад, ки барои донишҷӯ шудан, нахуст 2-3 сол дар истеҳсолот кор кардан лозим буд. Вале амаки ман, бо Олим Шукуров гуфтанӣ одам, ки ректори Донишгоҳи омӯзгорӣ ба номи Шевченко буд, шиносоӣ доштанд. Бо он кас ба Душанбе омадем. Ректор низ, гапи амакамро ба замин намонда, маро ба сифати шунавандаи озод қабул кард. Ним сол хондам, зачёту имтиҳонҳоро аъло супоридам, фақат ба тарбияи ҷисмонӣ зӯрам нарасид, зеро он вақт, хурдакак будам. Қадам баъдан сабзид. Ҳамин тавр, маро бидуни стипендия қабул карданд. Бинобар ин, донишгоҳро партофта рафтам ва ду-се сол дар корҳои гуногун кор карда, соли 1965 ба Донишгоҳи миллӣ ба шуъбаи забони арабӣ шомил шудам.

-Чӣ шуморо ангеза дод, ки ба кори нависандагӣ машғул шавед?

-Соли 1967, вақте дар курси дуюм таҳсил мекардам, дар газетаи девории факултет як ҳикоя пайдо шуд. Хонда истода будам, ки як нафар  “Чӣ хел?” гуфта пурсид. “Расво!”- посух додам. Ин нафар муаллифи ҳикоя будааст, ки бо ман ҷанҷол бардошта гуфт, ки ту аввал як бор навишта бин, баъд гап зан. Сухани вай ба ман таъсир карду як чиз навиштам. Аз бачаҳо пурсидам, ки газетаи аз ҳама зӯр кадом аст? Гуфтанд, ки “Тоҷикистони советӣ”. Ҳикояро гирифта, рафтам. Саидов гуфтанӣ одам маро хуш пазируфт ва гуфт баъди 2-3 рӯз наздаш дароям. Дар вақти таъиншуда ҳозир шудам, гуфт ҳикоят нағз, чоп мекунем ва чоп шуд. Вақте ҳаққи қалам гирифтам, бинам, ки аз стипендияам зиёд. Фикр кардам, ки ин кори нағз будаст, машғул шудан лозим… Ҳамин тавр, оҳиста-оҳиста гирифтори сухан ва коғазу қалам шудам. Дар газетаҳои “Маориф ва маданият”, маҷаллаи “Садои Шарқ” ҳикояҳоям чоп шуданд. Вақте дар курси 5-ум таҳсил мекардам, бо даъвати устод Мирзо Турсунзода, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва устод Убайд Раҷаб, сармуҳаррири “Садои Шарқ” ҳамчун мудири шуъбаи очерк ва публитсистикаи ин маҷалла корро оғоз кардам ва дар ин ҷо 20 сол, дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудам.

-Яъне, таваҷҷуҳи Мирзо Турсунзода ва Убайд Раҷаб сабаб шуду адабиёти тоҷик соҳиби нависандае чун шумо гардид…

-Бале. Ман бевосита касеро устод нагирифтаам. Ҳамаи нависандагони хуби тоҷик ва ҷаҳон устодони ман ҳастанд. Вале устод Убайд Раҷабро устоди худ медонам, зеро аз эшон меҳнат кардан ва муҳаббат ба корро омӯхтам.

Албатта, барои ташаккул ёфтани банда ҳамчун як инсон, ҳамчун як қаламкаш саҳми устод Мирзо Турсунзода калон аст. Эшон ба банда муҳаббат доштанд, дар давраи раисии эшон ду маротиба хона гирифтам, зиндагиам хуб буд. Дар ҷавонӣ, 30 – сола набудам, ки маро ба сафарҳо, ба маҷлисҳои бонуфуз мефиристоданд. Бо шарофати эшон ман бо котиби аввали Озарбойҷон Ҳайдар Алиев шишта суҳбатҳо кардам, чой хӯрдам, ҳамчунин, бо котиби аввали Гурҷистон Эдуард Шевернадзе, котиби аввали Ӯзбекистон Усмон Хӯҷаев ва дигарон. Вохӯриҳоям бо нависандагони бузурги Иттиҳоди Шӯравӣ, ки бо шарофати устод Мирзо Турсунзода иттифоқ афтодаанд, бароям ҳам хотирмон ва ҳам омӯзанда буданд. Барои мисол, дар чунин як маҷлис патриархи бузурги адабиёти рус Леонид Леонов муаллифи романи “Ҷангали рус” дар хусуси адабиёт суҳбат карда гуфт. 20 тин дорӣ, ба нақша гирифтаӣ, ки пагоҳ ё фардо бо ҳамин пул барои набераам яхмос мехарам, лекин адабиёт мегӯяд, ки ту ҳамин 20 тинро барои ман мон. Яъне, адабиёт фидо шудан мехоҳад.

Ду романи нотамом

-Роҳи эҷодии шумо ҳамеша ҳамвор набудааст. Дар мисоли қазияе, ки ба сари романатон “Се рӯзи як баҳор” омад, метавон гуфт, ки дар пеши роҳатон ҳар замон харсангҳои бузург пайдо мешуданд. Ин садҳоро чӣ гуна убур мекардед?

-Табиати ман чунин аст, ки аз аввал дилам намекашид, ки дар мавзӯъҳои рӯзмарраи сиёсӣ, сохтмонҳо, чорабиниҳои бузург, ки пропаганда талаб мекард, асар нависам. Бештар сарнавишти инсонҳо бароям ҷолиб буд. Шояд ҳамин сабаб шуд ё дастак гардид, ки баъзе ҳамкасбон аз рашк ба Кумитаи марказӣ, ҳатто ба Маскав номаҳои мустаор менавиштанд. Романи “Се рӯзи як баҳор” чунон муҳокима шуд, ки ин гуна муҳокимаро Иттифоқи нависандагон дар ёд надорад. Гуфтанд, ки онро чоп намекунем, то даме, ки дар асоси гуфтаҳои мо ислоҳ нашавад, лекин ман як ҳарфашро иваз накардам. Гуфтам, истад баъдан чоп мешавад. Баъди марг низ аз ғалладони мизи кории нависанда бояд ягон чиз пайдо шавад. 4-5 сол гузашт ва роман чоп шуд… Ин гуна ҳодисаву воқеаҳо зиёд буданд, вале онҳо аҳамият надоранд, муҳим нависанда кори худашро ҳалол иҷро кунад…

-Дар мавриди ғалладони мизи кории нависанда гуфтед. Имрӯз дар ин ғалладони шумо чӣ асарҳои нашрнашуда ҳаст?

-Албатта ҳаст, аммо афсӯс, ки нотамом. Ду романи нотамом дорам, “Садама” ва “Ману моҳи хиргаҳнишин”. “Садама”- ро “Садои Шарқ” гирифт, чоп мекунад. Худи асар нотамом аст, бо вуҷуди ин онро ҳам кӯтоҳ кардаанд. Ҳайрон мешавам. Аслан журналҳои ғафс барои чӣ пайдо шудаанд? Барои нашри асарҳои калон. Ман шунидам, ки мегуфтаанд, ки ҳатто романро кӯтоҳ карда биёр. Ин тамоман нодуруст аст. Агар асар арзанда аст, бигзор 3-4 шумора чоп шавад. Дар адабиёт баъзе романҳо ҳастанд, ки ҷумлаашро кӯтоҳ кардан имкон надорад. Дар ин авохир романҳои Юнус Юсуфӣ ва Ато Мирхоҷаро низ кӯтоҳ кардаанд. Дар романи Ато Мирхоҷа воқеаҳо бисёранд, шояд як қисматашро ихтисор мекунанд, вале романи Юнус Юсуфиро ҳеҷ кӯтоҳ кардан мумкин нест.

-Дар бораи ду нависанда – Юнус Юсуфӣ ва Ато Мирхоҷа ҳарф задед. Юнус Юсуфӣ дер ба майдони адабиёт омада бошад ҳам, имрӯз ба гумонам яке аз беҳтарин нависандаҳои тоҷик аст. Ато Мирхоҷа аз назм дер ба наср омад, бо вуҷуди ин, фикр мекунам, ки муваффақ шуд. Шумо нисбати эҷодиёти ин адибон чӣ назар доред? 

-Романи Ато Мирхоҷа “Сарои санг” тақдири мардуми Бадахшонро дар даврони мушкил, давроне, ки аҷнабиҳо омада, ҳукумат мекарданд, тасвир кадааст. Урфу одат, тариқи зиндагӣ, хӯю хислати мардуми Бадахшон оҳиста-оҳиста дар ин асар кушода мешавад. Бовар дорам, вақте ин роман ба русӣ ё англисӣ тарҷумаву ба табъ мерасад, хуш истиқбол хоҳад шуд, зеро тақдири Бадахшон ва зиндагии мардуми сарбаланди он барои ҷаҳониён ҷолиб аст.

Юнус Юсуфӣ аз адабиёти ҷаҳон хеле хуб огоҳ аст ва тарзи навишташ ҳам дар адабиёти мо нав мебошад. Аз устура ва воқеаҳои афсонамонанд истифода мекунад, бештар характери халқро мекушояд. Юнус Юсуфӣ, пеш аз ҳама, истодагарии халқашро ба муқобили мушкилиҳо хуб кушода метавонад. Ҳатто ба муқобили онҳое, ки ба сари миллат бало овардаанд. Барои мисол, пас аз мутолиаи романи “Шинак”кас ҳамин гуна таассурот пайдо мекунад, ки агар ин миллат ҳатто ба аҷнабиён тариқи зиндагии дуруст омӯхта бошад, боз ҳам чашми ғараз ба сӯяш аст ва аз инҳо эҳтиёт шудан, миллати худро дӯст доштан ва ҳамеша огоҳ буданро дар зеҳни хонанда талқин мекунад.

Мана имрӯз дар ҷаҳон, бо сарварии абарқудратҳои Ғарб ҷаҳонӣ сохтани на танҳо давлатҳо, балки ҷаҳонӣ сохтани инсонҳо роиҷ шудааст. Раванде оғоз шудааст, ки инсонҳо решаҳо ва урфу одаташонро фаромӯш кунанд ва оҳиста-оҳиста ба мардуми худбехабар табдил ёбанд. Демократия гуфта, тобеъ шаванд…

Демократия ва адабиёт

-Яъне, имрӯз раванди демократикунонӣ низ метавонад хатарзо бошад?

-Бале ва мо инро ҳамарӯза дида истодаем. Мо демократия месозем мегӯем, вале сохтани он осон нест. Давлати демкоратӣ сохтан кори ниҳоят мушкил аст. Демократия вақте дар Юнони Қадим пайдо шуд, дар пойтахти он 2000 оила зиндагӣ мекард ва сарвари оилаҳо якдигарро мешинохтанд. Ин, албатта, ба идоракунии давлат таъсир мегузошт. Ҳоло 10 миллиону 100 миллион аҳолии гуногунзабон, гуногунмазҳаб ва гуногунақида дар кишварҳо зиндагӣ мекунанд, ки идора кардани инҳо тариқи демократия душвор аст. Шояд маро танқид кунанд, ихтиёрашон, вале ман консерватор ҳастам ва бештар тарафдори давлатдории мулоими авторитарӣ мебошам.

-Магар авторитаризм монеи рушди адабиёт намешавад?

-Беҳтарин асарҳои адабиёти ҷаҳон дар давлатҳои авторетарӣ пайдо шудаанд. Барои мисол, дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ адибони бузург ба камол расиданд ва асарҳои мондагор ба вуҷуд омаданд. Сатҳи адабиёти имрӯзаи рус назар ба адабиёти шӯравӣ чандин карат паст аст, зеро давлати авторетарӣ барои устувор монданаш адабиётро дастгирӣ мекард. Дар баробари ин, дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ Солжинитсин барин демократҳо пайдо шуданд. Асарҳои ӯ агар дар мактабҳо дарс дода шаванд, кӯдакон душмани ватан мешаванд. Мо ба ном демократияро дидем, имрӯз чеҳраи давлатҳои абарқудрат, кушода мешавад.  Имрӯз демократияи ҳақиқӣ вуҷуд надорад, ин роҳи тобеъ кардани халқу миллатҳост.

-Пас озодӣ чӣ мешавад?

-Озодӣ ҳад дорад…

-Ҳатто дар адабёт?

-Албатта. Инсон бояд дар доираи чаҳорчӯбаи ахлоқ ва қонун зиндагӣ кунад. Озодӣ гуфта, рафта як касро ғорат мекунед? Озодӣ ҳамин аст, ки давлат ба шумо фишор наорад ва шумо низ зиндагии шоиста дошта бошед. Нависанда ҳам ман озод гуфта, ҳар чиз навиштанаш ҷоиз нест. Ҳар нависандае, ки худашро қадр мекунад, миллаташро дӯст медорад ва рисолати адабиётро медонад, дар ботинаш бояд сензура дошта бошад.

Гонораре, ки як телевизор шуд

-Устод, вазифаи адабиёт чист?

-Вазифаи адабиёт асосан кашфи ҳақиқат… дарёфти ҳақиқат аст. Нависандаи маъруфи Амрико Шервуд Андерсон ҳикояе дорад бо номи “Романи мурда”, ки ман онро чанд сол қабл тарҷума карда будам. Қаҳрамони он як нависанда аст, ки ба худ чунин суол медиҳад: Барои чӣ ин ҳама навиштанд, вале боз нав ба нав шоиру нависанда пайдо мешавад. Баъдан, ба хулоса меояд, ки на Толстой на Шекспир на Байрон… ба ҳақиқат нарасиданд, инҳо фақат ба кашфи он наздик шуданд. Барои кашфи як паҳлуи хурди он нависандаву шоирон пайдо мешаванд.

-Муносибати давлат бо адабиёт чӣ гуна бояд ба роҳ монда шавад?

-Нависанда касест, ки дар натиҷиа тасвири ҳодисаву воқеаҳо ва сарнавиштҳо чӣ гуна будани инсон, яъне шаҳрвандро пешниҳод мекунад. Инсон бояд узви фаъоли ҷомеа ва давлат бошад. Вазифаи нависанда ин аст, ки миллаташ аз ҷиҳати ахлоқ, маънавиёт, ҷаҳонбинӣ пеш рафта, барои рушди ҷомеа хизмат кунад, вақте мардум барои рушди ҷомеа хизмат мекунад, давлат мустаҳкам ва пойдор мемонад. Ин вазифаи нависанда аст. 

Дар ивази ин, давлат бояд нависандаро дастгирӣ кунад, хусусан дар даврони ҷавонӣ.  Китобҳояшонро чоп кунад, грантҳо таъсис дода, шароити зиндагӣ ва кор барояшон муҳайё кунад. Албатта, давлати мо аз рӯи имкон ба нависандаҳо кумак мекунад. Хушбахтона, дар кишвари мо Иттифоқи нависандагон дар сатҳи олӣ нигоҳ дошта шуд. Имрӯз давлати мо барои нашри китобҳо ва нашрияҳои адабӣ ёрдам медиҳад…

-Лекин дар баробари ин асарҳои бесифат зиёд чоп мешаванд. Имрӯз ҳар касе хоҳад, китоб менависад ва китоб чоп мекунад…

-Ин масъаларо банда ҳатто дар ҳузури Президенти кишвар гуфта будам. Бояд масъулин бештар ба нашриётҳои хусусӣ аҳамият диҳанд. Инҳо чӣ кор карда истодаанд? Пул гирифта, ҳар чизе пеш омад, чоп мекунанд. Бояд ин нашриётҳо муҳарриру мусаҳҳеҳ дошта бошанд, мағозаи шахсӣ кушода, китоби нависандаро фурӯшанд, адабиётро тарғиб кунанд, ба муаллиф ҳаққи қалам диҳанд.

-Шумо охирин бор кай ҳаққи қалам гирифта будед?

-Нашриёти “Маориф” як асари маро 10 000 нусха чоп кард. Ба ман гуфтанд, ки як китоб дар фурӯш 15 сомонӣ аст, яъне 150 ҳазор сомонӣ мешавад. Лекин оварда, ба ман 3000 сомонӣ ҳаққи қалам доданд, ки ин 2%-и 150 ҳазор аст. Ин гуна ҳаққи қалам дар дунё нест, ҳатто дар Африқо. Ҳаққи қалами нависанда ҳатто баъди маргаш 25% аст, дар замони зинда буданаш 40%. Ман ин маблағро хайр кардам, ба як камбағал телевизор харида додам.

Аз “й” то “ӯ” ё дастдарозӣ  ба забон

-Шумо дар масъалаи забони тоҷикӣ зиёд навиштаед. Ҳамеша талош мекунед, ки забон поку беолоиш бошад. Мехоҳам донам, ки вақте “Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ” ё “Корхонаи воҳиди давлатии Иттиҳодияи истеҳсолӣ” ё “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ” барин ҳарфҳо ба гӯшатон мерасад, худро чӣ тавр эҳсос мекунед?

-Ин шармандагист. Давлатдорон вазифадор нестанд, ки ба ин масъала машғул шаванд. Инро забоншиносон пешниҳод мекунанд. Ман ҳайрон мешавам, ки чаро дар ҳайати Кумитаи забон ва истилоҳот ҳатто як нависанда нест. Бовар кунед, солҳои охир ҳамаро расво карданд. Аввал “й”-ро ба ҳама ҷо ворид карданд ва “пайи” “рӯйи” барин навиштанҳо пайдо шуд. Баъди ин, ба “ӯ” часпиданд. Хок хабар набарад, баъзе рафиқонамон буданд, ки дар маҳалли мо “ӯ” намегӯянд, гуфта хостанд, ки ин ҳарфро пурра нест кунанд.

Забоншиносе, ки гавҳораш аз осмон омада бошад ҳам, ба мисли нависанда забонро намедонад, нависанда калимаро дар вуҷудаш эҳсос мекунад. Вале забоншиносони мо ҳеҷ гоҳ маслиҳат намепурсад. Чор олим, ки баъзеаш дуруст навишта наметавонад, тақдири забонро ҳал мекунад.

Имон, умед ва муҳаббат

-Имрӯзҳо чӣ ҳол доред? Дар чӣ хусус меандешед? 

-Зиндагии озод дорам. Муддате дар нашрияҳо ва Кумитаи марказӣ кор кардам, муддате кӯтоҳ сардори маркази матуботи Сарвари давлат будам. Соли 1993 бори аввал Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дида будам. Аз ҳамон замон муҳаббати эшонро нисбат ба худам эҳсос мекунам. Ин муҳаббат касро дилгарм мекунад, ки осуда зиндагӣ кунӣ, ватанатро халқатро, урфу одаташро дӯст дорӣ.

Дар “Инҷил” омадааст: “Имон, умед ва муҳаббат”. Лекин асоситарини ин се муҳаббат аст. Агар муҳаббат набошад, имону умед ҳам нест. Ман ба 75 даромадам, вале ҳамин муҳаббатро гум накардаам. Дар дилам муҳаббат ба инсонҳо ба Ватан, ба миллат ба адабиёти оламшумули форсу тоҷик ба таърихамон, таърихи печида ва сарнавишти душвори ин миллат боқист. 

  Мусоҳиб

Одил Нозир

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.