Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Камоли Хуҷандӣ ифтихори миллати адабпарвари мо

Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвари азизи мо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид ба он мекунанд, ки халқи тоҷик мардуми тамаддунофар, ҳунардӯст ва дорои таърихи куҳан мебошад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз таҳти роҳнамоии оқилона, босубот ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Пешвои миллат,  пайваста кӯшидааст ва мекӯшад, ки намояндагони бузурги илму фарҳанг ва шеъру адаби миллати тоҷикро, ки дар рушду нумӯ ва пешрафти фарҳанги ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштаанд, бо ташкил ва гузаронидани конфронсҳо дар сатҳҳои гуногун, инчунин, таҷлили бузургдошти онҳо дар сатҳи байналмилалӣ пос бидорад. Дар тӯли қариб 25 соли охир ҷашни фарзандони фарзонаи халқи тоҷик, аз қабили Борбади Ромишгар, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ҳаким Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Имоми Аъзам Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, Имом Муҳаммади Ғаззолӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Аҳмад Махдуми Дониш ва дигар ҳамтоёни онҳоро барпо намудааст.

Ҳама хуб ёд доранд, ки дар соли 1996 ҷашни 675-солагии шоири бузург Хоҷа Камоли Хуҷандиро дар савияи бисёр баланд ва бо шукӯҳи хос ҷашн гирифта будем. Халқи адабпарвар ва шеърдӯсти мо Камоли Хуҷандиро ҳанӯз аз мизи мактабӣ хуб мешиносанд ва аз ашъори намакини ӯ огаҳӣ доранд. Ғазалҳои дилошӯби ин шоири шаҳирро беҳтарин овозхонҳи тоҷик, аз қабили Барно Исҳоқова, Ҷӯрабек Муродов, Одина Ҳошимов, Боймуҳаммад Ниёзов ва бисёр мутрибони дигар бо лаҳни хушу гуворо замзама мекунанд. Аз замони барпо гардидани 675-солагии ин шоири тавоно то ба имрӯз 25 сол сипарӣ шудааст. Дар ин муддат, ки замони истиқлоли комили фарҳангии мардуми мо мебошад, зиндагонӣ ва мероси адабии Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ба таври ҳаққонӣ, бидуни кадом як мафкураи таҳмилӣ ба таври бояду шояд аз тарафи муҳаққиқон таҳқиқ карда шуд. Дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Муассисаи давлатии Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ таъсис дода шуд. Нусхаҳои дастнависи девони шоир қариб аз тамоми китобхонаҳои бузурги дунё ҷамъоварӣ карда шуданд. Чандин маротиба девони ашъори ин шоир ҳам ба хатти асл ва ҳам ба хатти имрӯзаи тоҷикӣ нашр карда шуд. Перомуни ашъори шоир рисолаву мақолаҳои бисёре таълиф карда шуданд. Ба туфайли чунин корҳо халқу миллати тоҷик шахсияти маънавӣ ва эҷодии Хоҷа Камолро бештар шинохт ва ба офаридаҳояш арҷ гузошт. Бо омӯзиш ва тарғиби ашъори Камоли Хуҷандӣ дар эҳсоси ватандорӣ ва худогоҳии миллӣ такони назаррас ба вуҷуд омад.

Имсол Камоли Хуҷандӣ 700 — сола шудааст. Ба ин муносибат, Ҳукумати Тоҷикистон соли гузашта ҷиҳати барпо намудани ҷашни 700-солагии Хоҷа Камол ба Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО-и Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳод муроҷиат намуда буд ва ин ташаббуси Тоҷикистон 27-уми ноябри соли 2019 аз ҷониби ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ дастгирӣ ва ба тасвиб расид.

Ба ҳама маълум аст, ки халқи тоҷик аз замонҳои қадим ба шахсияти шоири тавоно ва офарандаи маънавияти бузург арҷи фаровон мениҳад ва эҳтиромаш мекунад. Имрӯз низ халқи мо сухани мавзуни расоро, ки маънии баланд дошта бошад, бо ҳаяҷони хос қабул мекунад, зеро рӯҳу равони миллати тоҷик бо сухан, махсусан бо шеър, парварида шудааст.

Ҳамаи шоирони бузурги мо аз миёни халқ баромадаанд, онҳо дар осорашон ҳамеша орзуву омол ва ҷанбаҳои гуногуни маънавияти халқи заҳматкаш ва ҳунардӯст ва умуман, ғояҳои башардӯстонаро ташвиқу тарғиб намудаанд.

Хоҷа Камоли Хуҷандӣ низ аз ҳамин сарзамин бархоста, тарбият дида, то ба дараҷаи шоири бузурги Шарқ сабзидааст. Аммо Камоли Хуҷандӣ дар замони хеле пурталотуми сиёсӣ ва ноороми иҷтимоӣ зиндагӣ ва фаъолият кардааст. Дар замони зиндагии ӯ бар асари нооромиҳо ва ҳукумати ҷабборонаи бозмондагони қавми муғул дар Мовароуннаҳр авзои иҷтимоӣ ниҳоят пуршиддат буд. Дар байни амирону амирзодагон  ҳамеша муқобилият, кашокаш ва ҷангҳои хунин ба амал меомад. Ба баҳонаи ночиз ба сари ҳамдигар метохтанд ва фитнаву ошӯб барпо менамуданд, ки дар натиҷа, халқи заҳматкаш ба парешониву саргардонӣ мубтало мешуданд.

Камоли Хуҷандӣ ҳамаи ин парешонӣ ва ҷафокориву ситамро, ки дар замони ӯ расм шуда буд, дар як байти ғазалаш чунин шоирона ифода кардааст:

Фарёди ман аз ғамзаи шӯхи ту, ки дар даҳр,

Оини  ҷафокориву расми  ситам  овард.

Чунин вазъи номусоиди сиёсӣ буд, ки дар нимаи дуюми асри XIV бисёр шоирон, олимон, нависандагон дар ҷустуҷӯи гӯшаи амн аз Мовароуннаҳр рахт баста, ба ҷойҳои дигар мерафтанд. Камоли Хуҷандӣ низ тарки зодгоҳ намуд.

Сабаби асосии ба мусофират пардохтани Камоли Хуҷандӣ ҳамин гуна ноамниҳо ва дар натиҷа, ба кадом як мусибати хонаводагӣ гирифтор шудани ӯ мебошад. Камол ба ин ҳодиса дар як ғазалаш чунин ишорае дорад:

Зинҳор аз ин замонаи бедодгар, маро,

К-аз ёру шаҳри хеш ҷудо мекунад дигар.

Камол бисёр мусофират кардааст, шаҳрҳои зиёдеро мегардад, бо бузургони мавзеъҳои гуногун мулоқотҳо мекунад ва вақте вориди шаҳри Табрез мешавад, он макон ба табъаш созгор меояд ва муқими он ҷо мешавад.

Обу ҳавои хуши Табрез ба монанди иқлими Хуҷанд ба табъи Камол форам афтод. Ғайр аз ин ҳамаи намояндагони асили ҳунарҳои гуногун дар он ҷо ҷамъ омада буданд. Бино бар ин, зиндагию фаъолият барои Камол дар он сомон хеле мувофиқ омад.

Камоли Хуҷандӣ ҳамчун шоири бузурги башардӯст ҳамвора дар миёни мардум қарор дошт ва аз аҳволи онҳо комилан бохабар ва дар ғаму шодии онҳо шарик буд. Он ҷо издивоҷ кард ва соҳиби фарзандони арзандаи номаш шуд. Ҷои гуфтан аст, ки адибони маъруф Ризоқулихони Ҳидоят ва Содиқ Ҳидоят аз ҷумлаи аберагони ӯянд.

Ӯ мисли якчанд шоирони бузурги гузашта, аз қабили устод Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва чанд тани дигар дар замони зиндагии худ аз обрӯву эътибори бисёр баланд бархӯрдор будааст. Садҳо муридону шогирдон доштааст, ки дар хизматаш будаанд. Ҳатто навиштаанд, ки Камол сарварии доираи адабии Табрезро бар уҳда доштааст. Тавре ки маълум аст, волии Озарбойҷон Султон Ҳусайни Ҷалоирӣ ба Камоли Хуҷандӣ дар мавзеи Валиёнкӯйи Табрез хонақоҳ ва боғи пурдарахтеро бахшида буд.

Дар китобҳои асримёнагии наздик ба замони Камол зикр шудааст, ки ӯ сари чанд вақт дастархон густарда, мардуми Табрезро нон медод ва хосу оми Табрез гирди хони ӯ ҷамъ меомаданд. Дӯстии ғоибона ва муносибати хуби эҷодии Хоҷа Камол ва Ҳофизи Шерозӣ ба ҳама маълум аст. Гузашта аз ин Камол ҳанӯз дар замони зинда буданаш дар тарбият кардани шоирони ҷавони бисёре саҳми арзанда гузоштааст.

Камол дар ашъораш аз шоирони ҳамзамонаш, аз қабили Маозии Табрезӣ, Ассори Табрезӣ, Мағрибии Табрезӣ, Салмони Соваҷӣ ва Ҳофизи Шерозӣ низ бисёр ёд кардааст.

Дар ҳақиқат, ҳамаи суханшиносон бар он қоиланд, ки Камоли Хуҷандӣ дар ашъораш аз маънавиёти олӣ сухан кардааст, хостааст, мардум аз будашон беҳтар шаванд, нек тарбият ёбанд, дар кумаку ёрии ҳамдигар бошанд. Камол ҳама ақидаҳои башардӯстонаи худро бо суханони софу пок матраҳ намудааст. Дар ашъори ӯ алфози қабеҳ, фурӯафтода ва ракикро ҳеҷ намебинем.

Мутобиқи довариҳои тазкиранигорон ва донишмандони имрӯза, Камоли Хуҷандӣ бар ҳеҷ касе аз аҳли ҷоҳ шеъри мадҳӣ набахшидааст ва зимомдорони замонаро таърифу тавсиф накардааст.

Тавре ки маълум аст, Камоли Хуҷандӣ шоири ғазалсарост, ӯ беш аз 1000 ғазал эҷод карда, дар такомули ин навъи адабӣ саҳми ниҳоят бузурге гузоштааст.

Камол дар ғазалҳояш, қабл аз ҳама, ишқро таблиғ кардааст, ки ҳама гуна ишқи инсонӣ дар он хулоса мешавад. Камол зимни баёни рӯҳияи ошиқона дар бораи диалектикаи ҳаёт, якранг набудани ҳолати инсон дар зиндагӣ ва муҳити ӯ мулоҳиза рондааст.Ӯ инсонҳоро ба хушбинӣ, меҳру муҳаббат, инсофу мурувват, ҳамдигарфаҳмӣ, баҳрабардорӣ аз ҳар лаҳзаи ҳаёт ба суди пешрафти ҷомеа ва ахлоқи писандида даъват намудааст. Ӯ озод будани инсонро аз ҳар гуна қайду банд мехоҳад ва мегӯяд:

Олами озодагон хуш оламест,

Эй дил, он ҷо рав, ки он ҷо хуштар аст!

Ба як сухан Камоли Хуҷандӣ ба ҳайси як шоири башардӯст ва тараққихоҳ ҷонибдори халқи заҳматкаш, тарафдори мардуми созанда ва офарандагони неъматҳои моддӣ будааст. Андешаҳое, ки Камол дар ашъораш бозтоб намудааст, бо ҳаёти рӯзмарраи халқ ва забони зиндаи миллати тоҷик хеле наздик аст. Маҳбубияти Камоли Хуҷандӣ дар миёни мардум аз замони зиндагиаш то ба имрӯз низ аз ҳамин ҷо маншаъ мегирад. Аз ин ҷиҳат, ғояи асосӣ ва дарунмояи ашъори ҷовидонаи Хоҷа Камол бо сиёсати фарҳангӣ ва маънавии давлати мустақил ва озоди Тоҷикистони азиз комилан созгор аст. Аз ин дидгоҳ омӯхтан ва таҳқиқ намудани осори бозмондаи шоир барои бедории халқи мо, ҳушёрии сиёсӣ ва иҷтимоии ӯ ёрии калон мерасонад.

Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики АМИТ, доктори илмҳои филологӣ, профессор

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj