Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Лоиқ намеояд дигар…Ногуфтаҳо ва нуҳуфтаҳои шоири миллат дар китоби Ҳадисаи Қурбон

Устод Лоиқ Шералӣ. Аз мавлуди ин шоири бузург 80 сол ва аз марги нобаҳангомаш 20 сол сипарӣ мешавад. Дар ин муддат доир ба рӯзгору осори ӯ бисёр навиштанд, вале ҳанӯз асрори нуҳуфта ва ҳарфҳои ногуфта зиёд аст. Бархе аз ин ногуфтаҳоро Шоири халқии Тоҷикистон Ҳадиса Қурбонова дар китоби нави хеш “Лоиқи дилҳо” ифшо кардааст…

Аз “Теғи одамкуш” то “Тӯфон”

Ошкору бепарда навиштан хоси эҷодиёти Ҳадиса Қурбонова аст. Алоқамандони осори ӯ романи ҳуҷҷатии “Теғи одамкуш”-ро ба ёд доранд, ки дар мавриди сарнавишти талхи нависандаи ҷавонмард ва ҷавонмарги тоҷик Ҷумъа Одина қисса мекунад. Чӣ қадар бепарда, чӣ қадар ошкоро ва бо ҷасорат менависад Ҳадиса…

Ё хотироти муфассали ӯ дар мавриди рӯзҳои сангини зиндагии шоири бузурги тоҷик Бозор Собирро ба ёд оваред, ки дар ҳафтаномаи “Тоҷикистон” қариб як сол ба нашр расида буд.

Вақте ба Ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов ҳамлаҳо сурат гирифт Ҳадиса достони “Тӯфон” навишт ва тӯфони туҳмату борони ғайбатро нисбат ба ин устоди бузурги санъати тоҷик пешгирӣ намуд.

Ҳадиса Қурбонова дар кори эҷодӣ якрӯ аст. Он чӣ дидааст, он чӣ худ бардошт кардааст, ҳамонро менависад.  Ҳақиқате, ки ин адиб барои худаш кашф кардааст, шояд на ҳамеша ба дигарон писанд меояд, вале ӯ бо роҳи худ меравад ва ба кори худ машғул аст.

Ҳадиса Қурбонова инсони ҳадшинос аст. Ӯ ба ҳамқаламонаш эҳтиром мегузорад ва агар аз онҳо некӣ дида бошад, бар ивази он як умр некӣ мекунад. Ҳамин аст, ки ӯ дар мавриди аксарияти эҷодкорони ҳамнаслаш мақолаву хотира навишта ё бо онҳо суҳбатҳо анҷом додааст. Ин навиштаҳои хешро шоира дар дуҷилдаи осори насриаш, ки “Мазҳари Хуршед” ном дорад, ғунҷоиш додааст.

Ӯ ба бузургони гузашта низ арҷ мегузорад ва дар мавриди Мавлавӣ, Хайём, Ҳофиз ва Шоҳин достонҳо низ навиштааст.

“Лоиқи дилҳо” идомаи пайкарасозии Ҳадиса Қурбонова аст…

Ҳамсояи Лоиқ

Ҳадиса шоири ҳамзамони Лоиқ Шералӣ аст. Бо дӯстони ҷамолакии устод – Абдунабӣ Сатторзода ва Сорбон ҳамкурс мебошад. Аз мутолиаи китоби “Лоиқи дилҳо” бармеояд, ки ӯ бо Лоиқи ҷавон аз даврони донишҷӯйӣ ошноӣ дорад. Замоне ки устод ба идораи “Комсомоли Тоҷикистон” омадурафт мекард, Ҳадиса корманди “Пионери Тоҷикистон” ва “Машъал” буд, ки дар ҳамсоягии ин редаксия қарор дошт, муддате ӯ бо устод Лоиқ дар Радиои Тоҷикистон низ якҷо кор кардаанд, вале наздикии онҳо замоне сурат гирифтааст, ки ҳамсоя мешаванд. Устод Лоиқ бо шавҳари Ҳадиса Маъруф Маҳмудов риштаи дӯстӣ доштанд, бинобар ин, устод меҳмони доимии ин хонавода будааст.

Баъдан, Ҳадиса ҳамроҳи устод Лоиқ ҳамкории эҷодӣ доштанд, дар маҷлису маъракаҳо якҷо буданд, яъне якдигарро хуб медонистанд. Ин наздикӣ ба Ҳадиса имкон медиҳад, ки дар мавриди дӯсти ҳамқаламаш ёддошту хотирот нависад…

Тарсам, ки ман бимираму…

Устод Лоиқ дар тасвири Ҳадиса инсони хоксору самимӣ, заҳматкаш, дилсӯз ва ғамхор тасвир шудааст. Даврони ҷавонии шоирро ӯ беолоиш ва дар талоши шинохти худ ба қалам додааст. Муҳаббат ва таваҷҷуҳи устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода омили аслии рушду камолоти Лоиқ Шералӣ арзёбӣ мешавад. Ҳамчунин, саҳми устод Мӯъмин Қаноат дар ташаккули Лоиқ сазовор нишон дода шудааст.

Боре дар суҳбате Ҳадиса Қурбонова аз Лоиқ дар мавриди устодонаш мепурсад ва чунин посух мегирад:

“Устодон Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода ба ман зиёд таваҷҷуҳ доштанд, меҳрубонӣ карданд, дастгирӣ намуданд, вале резакориҳои шеърро аз Мӯъмин Қаноат омӯхтам…”

Марги Мирзо Турсунзода ва Боқӣ Раҳимзода барои Лоиқ гарон буд. Ин лаҳзаро Ҳадиса чунин менигорад:

“Як рӯз баъд аз марги устод Турсунзода ба хонаи Лоиқ рафтам. Зебӣ (Зебунисо Қутбиддинова, ҳамсари устод) ош овард. Ҳар ду андӯҳгин будем. Чун дар мавриди устод Турсунзода лаб кушодам, ашк аз чашмони Лоиқ ҷорӣ шуд ва дасташ дар рӯйи ош як лаҳза шах шуд…” 

Воқеан, устод Мирзо Турсунзода на аз бемориву марги нобаҳангоми хеш, балки аз тақдири ҷавонон, аз ҷумла Лоиқ нигарон буданд:

Вақтҳои охир ин байт вирди забонашон буд:

Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,

Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад.

Душманони шоир

“Лоиқи дилҳо” саҳнаҳои ҳузнангези рӯзгори устод Лоиқро қисса мекунад, ки дар нигоштаҳои дигарон аз сабаби истиолаи муаллифон  оварда нашудаанд.  Барои мисол:

Аввали солҳои 80-ум вақте устод Лоиқ дар назди гаражашон машқи пагоҳирӯзӣ мекарданд, нафари ношиносе бо санг ба сарашон мезанад ва зуд мегурезад. Устод чанд соат беҳуш мехобанд. Раҳимака, марди ҳамсоя устодро пайдо карда, бо ёрии шавҳари Ҳадиса Қурбонова  эшонро ба хона меоварад…

Соли 1984 ба хонаводаи устод Лоиқ, ки соҳиби 5 фарзанд буданд, ҳукумат дар бинои вазирону кормандони воломақоми давлатӣ 5 хонагӣ медиҳад. Ин ба душманони устод, теғе буд, ки ҷигари аз ҳасуд абгорашонро харош медод. Бинобар ин ба Маскав, ба маҷаллаи маъруфи “Огоноёк” шикоят мебаранд, ки ба Лоиқ Шералӣ хонаи ғайриқонунӣ дода шуд…

Солҳои нооромӣ устод Лоиқ бо ҳайати адибон аз Хатлон ҷониби Душанбе меомаданд. Дар даромади шаҳр силоҳдорон мошинро манъ карда, мили автоматро ба пешонаи устод рост мекунанд.

“Ин дам Гулназар фарёд карда гуфт: “Эй одамон, охир ин шоири миллат Лоиқ аст”. Лоиқ гуфт: “Инҳо дониста маро ба нишон гирифтанд.”…

Хушбахтона, силоҳдор чизеро андешида меравад ва адибони асирафтодаро ба ҳолашон мемонад. Шояд силоҳдорон мехостанд, ки устод Лоиқро ҳаросонанд…

Ин гуна нақлҳои ҷолиб дар китоби Ҳадиса Қурбонова фаровон оварда шудаанд.

 Лоиқ намеояд дигар…

Ҳадиса Қурбонова дар даврони зинда будани устод Лоиқ ба эшон ду шеър бахшида буд ва пас аз марги устод достони “Лоиқ намеояд дигар”-ро иншо кард, ки барои он мукофоти адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон – Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзодаро дарёфт кард.

Сабаби иншои ин достонро чунин тасвир мекунад:

“…баъди маргаш Лоиқро хоб дидам. Хоб дидам, ки рӯ ба рӯйи ман истодаву механдад. Дар танаш костюми хокистарӣ дошт.

-Ин ҷо чӣ кор мекунӣ? – пурсид маро.

-Барои се сағераам жемпер мебофам, — гуфтам.

-Жемприа чӣ кор мекунӣ, хез шеър навис, достон навис…

-Достон? Дар бораи кӣ?

-Дар бораи ман.

-Наметонам, охир ту бузургӣ…

-Метавонӣ.

-Мегӯянд, ту мурдаӣ.

-Кӣ мегӯяд, мана ман зинда дар рӯ ба рӯйи ту…”

Ҳамин тавр, достони “Лоиқ намеояд дигар” иншо шуд, ки он ҳам шомили китоби “Лоиқи дилҳо гардидааст.

Шоири худшиносу худогоҳ

Дар тасвири Ҳадиса Қурбонова устод Лоиқ нафаре тасвир шудааст, ки дарди миллаташро кулфати хеш медонист, месӯхт, бирён мешуд.  Таҳрифи таърихи миллат дар замони Шӯравӣ, бепарвоии мардум ва иҳонат ба номи тоҷик устод Лоиқро ба шӯр меовард.

Ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ зарбаи ҷонкоҳе буд, ба қалби дардманди шоир.

Тангдастӣ, беқадрӣ ва гоҳо хор шуданҳои устод Лоиқро Ҳадиса Қурбонова муассир тасвир мекунад.

Дар китоби Ҳадиса Қурбонова аз азамату шукуҳ ва ҷовидонагии эҷодиёти устод Лоиқ низ сухан меравад.

Дар умум, “Лоиқи дилҳо”, ки онро як қаламкаши ҳамнасли Лоиқ Шералӣ навиштааст, барои шинохти бештари шоир мусоидат хоҳад кард. Инчунин, ин китоб туҳфаи гаронбаҳоест, ба ҷашни 80-солагии шоири миллат.

О.СОҲИБЗОДА

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.