Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Олам сухани Камол бигрифт…

Бо мақсади арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими боз ҳам бештари ифтихори ватандорӣ, рӯҳияи баланди хештаншиносӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ, шинохти нақш ва хизматҳои шоистаи Шайх Камол дар ташаккули маданият ва фарҳанги ҷаҳонӣ пешниҳод менамоям, ки доир ба масъалаи дар соли 2020-ум ҷашн гирифтани 700-солагии зодрӯзи ин суханвари камназир ва омода намудани санадҳои зарурӣ ба Кумитаи оид ба илм, маориф ва фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид, яъне ЮНЕСКО тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Аз суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаи иди Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд моҳи марти соли 2015

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид кардаанд, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мо — тоҷикон, дастоварди бузургтарин ва неъмати муқаддастарин маҳсуб мешавад. Зеро маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои мо имконияти омӯзиш ва таҳқиқи гузаштаи миллати сарбаланду тамаддунсозамонро фароҳам оварда, дар самти таҳкими давлатдории миллӣ, ташаккули ҷомеаи муосир, арҷ гузоштан ба суннатҳои волои аҷдодӣ ва бедории воқеии фикрӣ марҳалаи тоза оғоз намуд.

Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ

Имрӯз мо саҳифаҳои китоби таърихи халқҳои оламро варақ гардонда, мутмаин мегардем, ки инсоният аз оғози тамаддунофарӣ то ба ҳол ҳастияшро маҳз тавассути афкори инсондӯстонаи бузургони арсаи адабиёту санъат, таъриху фалсафа, давлатдориву сиёсат аз газанду осеби ҳаводиси рӯзгор ҳифз кардаву аз аср ба аср интиқол дода омадааст. Дар ин ҷода хидмати таърихии халқи тоҷик, ки бар миллати куҳанбунёд ва тамаддунофару ҳунарпарвар буданаш имрӯз Саразми 5500-сола шоҳиди гӯёст, басо назаррас буда, мероси фарҳанги моддиву маънавиамон, аз қабили ҷашнҳои қадимаи меҳваронаву инсонҷавҳаронаи Садаву Наврӯзу Меҳргону Тиргон, осори адабии пурғановати шоирону нависандагон, ҳосили ҷустуҷӯву натиҷаи фаъолияти илмии олимони ҳамадонамон вирди забони ҷаҳониён гардидааст.

Имрӯз инсоният, бо ин ҳама пешрафту рушди моддиву техникии дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт бадастовардааш, ниёзи бештаре ба руҷӯи маънавӣ дорад, то ҷавҳари гуманизми холису беғашро аз ҳофизаи таърих, ки дар сурати осори илмиву адабӣ ва фалсафӣ дарҷ шудаанд, берун кашида, боз бо забони мувофиқу муассир ба завқу ҷаҳонбинии насли имрӯзу оянда манзури ҷаҳониён гардонад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста дар мавриди омӯзишу аз худ кардани таърихи пурарзишу пурифтихор, забону адабиёти беназирамон дастури судманд дода, ҷараёни ба иҷрорасии онро таҳти назорати бевоситаи худ гирифтаанд. Маҳз самараи чунин пешбиниву дастуроти Сарвари мамлакат буд, ки имсол ду ҷашни бузург – 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 700-солагии шоири шаҳир Хоҷа Камоли Хуҷандиро дар сатҳи умумиҷаҳонӣ бо тантанаву шукӯҳи оламгир ва ифтихору ори миллӣ таҷлил менамоем.

Муҷассамаи Шайх Камол дар шаҳри Хуҷанд

Пӯшида нест, ки шаҳри бостонии Хуҷанд аз қадимулайём мавриди таваҷҷуҳи оламиён қарор гирифта, хоку оби он садҳо фарзандони фарзонаро ба камол расондааст. Шуҳрати онро касоне, ки ҳамон замонҳо дида буданд, ба ақсои олам бурдаанд. «Ман надидам шаҳреро дар ҳамаи Шарқу Ғарб поктар аз Хуҷанд»,–гуфтааст олим ва сайёҳи машҳури араб Ибн ал-Фақия.

Шаҳри Хуҷанд яке аз шаҳрҳои қадимаи тоҷикон буда, ҳанӯз дар давраҳои қадим дар масири Роҳи бузурги абрешим қарор дошта, Шарқу Ғарбро ба ҳам мепайваст. Шаҳр дар ибтидои асрҳои миёна дорои чандин иншооти мудофиавӣ буд. Қалъаи Хуҷанд дар тӯли садсолаҳо ҳамчун рамзи мардонагиву диловарӣ ва хештаншиносиву ватандӯстии тоҷикон ном бароварда, дар ҳифзи озодӣ ва ҳаёти осоиштаи мардуми ин қаламрав ҳамчун истеҳкоми боэътимод нақши муассир бозидааст.

Ҳарчанд дар тӯли таърих хуҷандиён садҳо ҷангу ҷидоли ҳокимону амирони даврро аз сар гузарондаанд, аммо сарнавишти пурфоҷиаи шаҳр дар замони ҳамлаи аҷнабиён, бахусус истодагарии аҳолии ватанпарвари Хуҷанд бо сарварии Темурмалики шуҷоъ бар зидди муғулони истилогар то ҳол ба некӣ ёд мешавад.

Бояд зикр намуд, ки шаҳр аз ҷониби душман ба харобазор табдил дода шуда бошад ҳам, вале он бо азму иродаи қавии мардуми ватандӯст аз нав барқарор гардида, ба зудӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Маҳз дар чунин айём, яъне баъди қариб сад соли ин фоҷиа Хоҷа Камол ба ин шаҳр шуҳрату овозаи дигар бахшид.

Бояд гуфт, ки Хуҷандро на танҳо хоки зархезу киштзори сарсабз, ҳамчунин рӯди шодоби Сайҳун ва меваҳои шаҳдбори он, инсонҳои матину шуҷоатманд, олимону адибони сарбаландаш машҳури олам гардонидаанд. Асрҳои аср маҳз дар ин макони шоирхез ва муҳити илмиву адабии он фарзонагони зиёде, монанди Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, Абдулҷаббори Хуҷандӣ, Умар ибни Ҳорун, Маҳастии Хуҷандӣ, Садри Хуҷандӣ, Зиёуддини Порсӣ, Камоли Хуҷандӣ ва дигар бузургон ба арсаи илму адаб омада, аз худ осори гаронбаҳое ба мерос гузоштаанд.

Дар радифи мутафаккирону олимони зикршуда шоири тавоно ва донишманди ирфону адаби Машриқзамин Камолуддин Абӯаҳмади Муҳаммад маъруф ба Камоли Хуҷандӣ, Шайх Камол ё Хоҷа Камол аз зумраи парвардагони домони поки Хуҷанди бостонист, ки ба андешаи соҳибназарон «то забони тоҷикиву шеъри тоҷикӣ побарҷост, оромгоҳи ӯ гулборон ва рӯҳаш нурборон хоҳад монд».

Боиси ифтихори аҳли адаб ва мардуми тоҷик аст, ки ин шоири озода ва вораста дар муҳити адабии Хуросону Мовароуннаҳр ҳамчун устоди ғазалҳои саршор аз меҳри Ватану ватандорӣ эътироф шуда, ғазалиёти ӯ аз лиҳози бандубасти адабӣ ва фасоҳату балоғат дар ҳадди камол қарор доранд ва ба сифати намунаи олии осори лирикии адабиёти тоҷику форс шинохта шудаанд.

Чунонки гуфта шуд, дар миёни чеҳраҳои адабии шаҳри Хуҷанд шоири соҳибсабку орифи ҳақшинос Хоҷа Камоли Хуҷандӣ офтоби маърифатеро мемонад, ки аз дурдасти гузашта ба рӯи ҷону ҷисми мо – меросбарони маънавияш нури хираду худшиносӣ мепошад ва моро ба худсӯзиву худсозиҳо дар роҳи инсонгароӣ раҳнамун мегардонад.

Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: “Шайх Камоли Хуҷандӣ дар ашъори ҷовидонаи худ бо такя ба беҳтарин анъанаҳои ахлоқии ниёгон ва арзишҳои умумибашарӣ некиву накукорӣ, ахлоқи ҳамида, адолати иҷтимоӣ ва дигар фазилатҳои писандидаи инсониро бо ҳунари олии суханварӣ тараннум кардааст. Ҳамзамон бо ин, як қисми осори гаронарзиши Хоҷа Камол фарогири масъалаҳои панду ахлоқӣ ва дорои аҳамияти бузурги таълимиву тарбиявӣ мебошад”.

Ҳамин хусусияти ашъори ноб ва мақоми баланди инсонии Камоли Хуҷандӣ будааст, ки таваҷҷуҳ ба шахсият ва таҳқиқу пажӯҳиш дар мавриди мероси адабии ин шоири ориф ҳанӯз аз замони зиндагии вай шурӯъ шудааст.

Нахуст ҳақиқати ин амрро мавҷудияти ҳуҷҷати расмии тасдиқкунандаи мансубияти боғчае дар Деҳхорақони Табрез ба номи Камоли Хуҷандӣ ва аз молиёт ба “тахфифи абадӣ” озод кардани соҳибмулк ва аёлу пасовандони вай, ки дар “Дастуру-л-котиб”-и Муҳаммад ибни Ҳиндушоҳи Нахҷувонӣ миёни солҳои 1365-1370 ба қайд омадааст, исбот мекунад.

Ҳамчунин, шарҳи аҳволу мақоми шоириву орифии Хоҷа Камол, ки дар дебочаи девони ашъораш, баъдтар дар гуфторҳои аҳли ирфону адаб ва тазкиранигорон Шайхи Озарӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Давлатшоҳи Самарқандӣ, Алишер Навоӣ, Хондамир, Ҳусайн Карбалоӣ ва дигарон ба сабку салиқаи гуногун дарҷ шудаанд, бозгӯи ихлосу иродати аҳли илму адаб ба ҳунари шоирии ин булбули хушоҳанги чаманҳои Хуҷанд аст.

Гарчанде қисми зиёди ҳаёти Хоҷа Камол бо сабабҳои сиёсиву иҷтимоӣ дар ғарибӣ, яъне дар шаҳри Табрези Эрону Сарой гузаштааст, вале ӯ дар ҳама ҷо бо ёди Ватан ва ёру диёр умр ба сар мебурд. Ҳеҷ гоҳ зодгоҳи хеш – Хуҷанди бостониро фаромӯш намекард ва бо номи зодгоҳу сарзамини аҷдодии худ ҳамеша ифтихор дошт.

Аз Хуҷанд бархоста, мамолики арабу аҷамро бо сухан тасхир кардани Хоҷа Камол башорати бузургии беҳади ин нобиға будааст, зеро қарн ба қарн шуҳрату овозаи ӯ манзил ба манзил дилҳоро тасхир карда, шавкату шаҳомати ин забардасти олами адабу ирфонро намоиш дод. Дар қаламрави шеъру сухан байни дӯстдорони дурри дарӣ ашъори орифонаи Хоҷаи бузургвор паҳн гашта, таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқон ва суханшиносони олами куҳан, яъне Аврупоро бештар ҷалб мекард. Тақрибан дар асри ХVII бо муаррифӣ ва тарҷумаи шарқшиноси фаронсавӣ Дербело шеъри муассири Камоли Хуҷандӣ ба Аврупо ворид шуд.

Донишмандони маъруфи садаи ХIХ, аз ҷумла муарриху китобшиноси олмонӣ Константин Карл Фолкенштейн (1801-1865), ховарпажӯҳи англис Натаниэл Бланд (1803-1865), луғатнигори олмонӣ Иоҳан Август (1803-1880), шарқшиносу феҳрастнависи олмонӣ Алоис Шпрингер (1813-1893), муаррихи рус Василий Василевич Григорев (1816-1881) дар феҳриствораву луғатномаҳо ва асарҳояшон зимнан аз Камоли Хуҷандӣ ва ашъори пурназокати вай ном бурдаанд. Баъдтар адабиётшиносону таърихпажӯҳони аврупоӣ Дениссон Рос, Эдвард Браун, Ҳерман Эте, Агафанел Кримский, Евгений Бертелс, Иосиф Брагинский, Ян Рипка ва дигарон дар садаи ХХ ба масъалаи рӯзгору осори шоир рӯ овардаанд.

Донишмандони эроние, амсоли Саид Нафисӣ, Забеҳуллоҳ Сафо, Азизи Давлатободӣ, Аҳмади Карамӣ, Маҷиди Шафақ, Эраҷи Гулисурхӣ ва дигарон дар камолшиносӣ саҳми шоиста гузоштаанд.

Дар таърихи илми адабиётшиносии тоҷик аллома Садриддин Айнӣ бо овардани фишурдаи зиндагинома, таҳлилу баррасии намунаи ашъори Камоли Хуҷандӣ дар асари мондагору гаронбаҳояш “Намунаи адабиёти тоҷик” дари камолшиносиро ба рӯи муҳаққиқон боз кард. Хоҷа Камол аз нигоҳи алломаи мазкур “устоди бузурги забон буда, дар аксари байтҳои худ як ё ду сухани думаъноро кор мефармояд, ки бо гирифтани ҳар кадоми он маъниҳо мазмуни он байт мебарояд”. Бар ин маънӣ худи шоир низ хеле бо лутфи хос дар байти зерин ишораи малеҳ дорад:

Ёфт шуҳрат, чу ҷамъ кард Камол

Ғазалу маънии ғариб ба ҳам.

Кори оғозкардаи аллома Садриддин Айниро баъдан, дар нимаи дуюми садаи ХХ адабиётшиносон академик Абдулғанӣ Мирзоев, профессорон Шарифҷон Ҳусейнзода, Аълохон Афсаҳзод, Саъдулло Асадуллоев, Эргашалӣ Шодиев, Абдулманнон Насриддин, Бадриддин Мақсудов, Атахон Сайфуллоев, шоиру фарҳангнигор Абдуҷҷабор Суруш ва дигарон бо таҳқиқу таълиф дар рӯзгору осор, таҳияи девони ашъор ва иншои луғатномаи ашъор идома дода, саҳми арзандае дар камолшиносӣ гузоштанд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ таъсисёбии Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” падидаи муҳими таърихие буд, ки соли 2014 ба вуқӯъ пайваст. Ба фаъолият шурӯъ кардани ин маркази илмӣ на фақат илми камолшиносиро такон бахшид, балки бо таъсиси фаслномаи “Камоли Хуҷандӣ” минбаре барои суханшиносон дар самтҳои таҳқиқу пажӯҳиш, таҳия ва тарҷумаи матни осори классикӣ боз кард.

Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд соли 2015 муште хок аз мазори Хоҷа Камол аз шаҳри Табрез барои мақбараи рамзии ӯ дар зодгоҳаш Хуҷанд оварда шуд ва дар ҳудуди Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” Боғ ва Осорхонаи Камоли Хуҷандӣ бунёд ва таъсис ёфт. Ба ин муносибат ва шарофати Шайх Камоли Хуҷандӣ ҳамон сол ҷашни Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд “Наврӯзи адибон” ном гирифт ва бо ҳузури ҳумоюнӣ Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон парда аз рӯи пайкараи Камоли Хуҷандӣ бардошта, зимни суханронӣ аз таҷлили ҷашни 700-солагии зодрӯзи булбули хушилҳони Хуҷанд соли 2020 дар сатҳи байналмилалӣ мужда расонданд. Дар ин вазъияти тантанавӣ китобҳои “Девон”-и Хоҷа Камол ва “Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ”, ки бо ҳиммати камолшинос ва фарҳангнигор Абдуҷҷабор Суруш таҳия ва таълиф шудаанд, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадя гардиданд.

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” 28-29-уми октябри соли 2016 Конфренсияи байналмилалии “Камоли Хуҷандӣ: ташаккули адабиётшиносӣ ва равобити адабӣ” бо иштироки олимону донишмандон аз кишварҳои Амрико, Олмону Русия, Покистону Ҳиндустон, Миср, Туркия, Эрону Афғонистон, Ӯзбекистон ва дигар мамлакатҳо дар сатҳи хеле баланд доир гашт ва бори дигар аз он шаҳодат дод, ки дар ҳақиқат сухану шахсияти Камоли Хуҷандӣ имрӯз ҳам оламгир аст.

Муассисаи давлатии мазкур дар фаъолияти илмии панҷсола силсилаи осори илмиву адабиеро мунташир сохт, ки ба нашр расидани чунин китобҳоро алоқамандони зиёде мунтазир буданд. Яке аз омилҳои боз ҳам шуҳрат ёфтани суханони шоири ориф ба забонҳои хориҷӣ тарҷума гардидани ашъори гаронбаҳои ӯ ба шумор меравад. Яъне, таъкиди худи шоиру орифи бокаромот бесабаб нест, ки гуфтааст:

Олам сухани Камол бигрифт,

Имрӯз ҷуз ин сухан, сухан нест.

 Хушбахтона, дар ин самт камолшиносон бо ҷалби тарҷумонҳои соҳибистеъдоду варзида соли 2016 ба нашри китоби “Армуғони аҳли дил” баргузидаи тарҷумаи ашъори Камоли Хуҷандӣ ба забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, ӯзбекӣ ва ба алифбои форсӣ шарафёб гардиданд.

 Дар њошияи 700-солагии Камоли Хуљандї маҷмӯаи нави тарҷумаи ғазалҳои ноби ў ба 8 забон таҳти унвони “Ҳабдаҳ чаман”, ки фарогиртар аз лиҳози теъдоди забонҳо се баробар афзунтар аз китоби қаблист, пешкаши алоқамандони ашъори намакини Хоҷа Камол гардид. Китоб барои тарғиби маънавияти миллати азизи мо ба дигар забонҳо, аз ҷумла англисӣ, олмонӣ, русӣ, арабӣ, чинӣ, урдуӣ, ӯзбекӣ ва ҳуруфоти форсӣ бисёр судманд аст. Ин чаманистони афкор ва хаёли марғуби булбули хушилҳони Хуҷанд барои меҳмонон ва ворисони шоиру орифи беҳамто ҳадяи пурқимат буда, солҳо дар равоқи манзил ва дидаву дили онҳо боқӣ мемонад.

Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси вилояти Суғд

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj