Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президент: Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” воқеъбинона ҷамъбаст шавад!

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон  талаб кард, ки ин тадбири фарҳангӣ бояд бо тартиби муайяншуда ва одилонаву воқеъбинона ҷамъбаст карда шавад ва ҳайати ҳакамон ба ин масъала эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ин  нукта  дар машварати кории Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки 15 –уми декабр баргузор гардид, садо дод. “Дар машварат аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони ноҳияҳои пойтахт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, масъулони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Тоҷикистон, дигар идораҳо, ташкилоту муассисаҳои давлатӣ ва бонкҳо иштирок карданд”, — иттилоъ медиҳад маркази матбуоти Сарвари давлат.

Таъкид гардидааст, ки ширкаткунандагону ғолибони озмун аз ҷониби раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҳавасманд гардонида шаванд.

Ҳоло дар кишвар даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки ташаббускори он Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, соли дуюм аст, ки ҷараён дорад.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.