Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Сафири адабиёти тоҷик. Шумо самарқандӣ, ба Бухоро чӣ кор доред?

(Аввалаш дар шумораи №14-и ҳафтаномаи “Тоҷикистон”)

Медонед барои чӣ 3000 «Ҷавонбухориён» – ро амири манғитӣ аз теғ гузаронд? Барои он ки таҳсилкарда, озодандеш, таълимгирифтаи Аврупо  буданд. Амир кӯрназар буд, аз одамони  бомаърифат метарсид. Мутаассифона,  роҳбари беақл аз коргари боақл метарсад. Оқибати чунин тарс ба ботлоқи ҷаҳолат ва ақибмондагӣ фурӯ рафтан аст.

— «Ҷавонбухориён» мавзӯи печида, чун зиндагии мардуми Бухоро дар ибтидои асри бисти пур аз муаммо. Падари шумо зодаи Самарқанд, шояд аз ин ҷараён  дар канор буданд?

— Шумо фикр мекунед, ки дар шакл гирифтани тафаккури «Ҷавонбухориён» зиёии Самарқанд нақш надорад? Ин фикри ғалат аст. Ба хотир биёред суҳбати амир  Олимхонро ба Маҳмудхӯҷа Беҳбудӣ. Амир мегӯяд:

— Ту самарқандӣ ҳастӣ, мактабу маорифи Бухоро ҳаст ё нест чи кор дорӣ?

— Беҳбудӣ чӣ мегӯяд?

— Беҳбудӣ мегӯяд, ки ман ҳам самарқандӣ, ҳам бухороӣ, ҳам  фарғонагӣ ҳастам.

Мардуми Самарқанд пешоҳангони илму фарҳанг буданд, вале як ғалаташон дар он буд, ки худашонро ба тиҷорат заданд, фарҳанги тиҷоратро пеш гирифтанд. Вале гумон накунед, ки ин беша аз паланг холист. Фарҳанги тоҷикӣ, забони тоҷикӣ дар Самарқанд зинда аст.

— Падаратон ба «Ҷавонбухориён» чӣ иртибот доштанд?

— Падарам дар Петербург ва Олмон таҳсил карда буданд.  Мафкураи  русҳо ва аврупоиҳоро нағз медонистанд, бо ҷавононе, ки дар Русия ва Аврупо таҳсил мекарданд, ошноӣ доштанд. Тиҷорати он кас дар Русия дар давраи авҷи ҳаракати ҷадидӣ (болшевикӣ) рост омада буд. Ҷадидонро сиёҳ карданд. Ин як амали сиёсӣ буд. Тоҷикон як масал доранд: «Ҷӯгӣ ба шустан нагардад сафед». Ба сиёҳ гуфтан, сафедро сиёҳ кардан намешавад.

Падарам, ки забони русиро хуб медонистанд, иқтисодиёти Русияро мефаҳмиданд, бо фабрикадорони ин мамлакат рафтуомад пайдо карданд. Морозов гуфтанӣ дӯсте доштанд аз намояндаи инқилобӣ ва ҳаракати навини ҷадидии Русия. Зери таъсири ин дӯсташон афкори нав, пешқадамро дар Осиёи Марказӣ паҳн мекарданд. Русҳо ҳам Осиёи Миёнаро дар симои тоҷикон ва ӯзбекҳо мешинохтанд. Барои ҳамин ҳамкориашон бо Самарқанду Бухоро зиёд буд. Падарам миёни ҷадидон як шахси шинохта буданд. Як қисми дороие, ки бобоям дар ихтиёрашон гузошта буданд, ҷиҳати дастгирии ҳаракати ҷадидӣ сарф мекарданд. Барои ҳамин, ҳаракати навин ва инқилобчиёни Осиёи Миёна падарамро раиси бонки Туркистон таъйин карданд.

Шариф Ҳамдампур ҳангоми суҳбат бо Шавкат Ниёзӣ

Ҷадидон тозафикрон буданд. Аммо замони шӯравӣ, ба хотири ҳадафҳои сиёсӣ, ҷадидонро бадном карданд.  Ҷадид кист? Навовар. Ҷавононе, ки дар Аврупо таҳсил карда буданд, баъди бозгашт хостанд навигарӣ ворид кунанд, мактаби нав созанд, тарзи тафаккури мардумро дигар  кунанд. Аммо куҳна навро қабул накард. Нав ба таври куҳна зиндагӣ кардан наметавонад. Ҳоло ҳам чунин аст. Қабул, ки нашуд мубориза сар мезанад. Аввали пайдоиш болшевиконро ҳам ҷадид мегуфтанд. Ҷадидони Бухоро бо болшевикон алоқа доштанд. Дигаргуниҳое, ки дар Русия мешуд, ба Самарқанду Бухоро таъсир мерасонд. Падарам ҳам аз ин таъсир дар канор набуданд. Ҳамин робита Бухороро гирифтани болшевикон осон гардонд.

Чаро мулоқоти Файзулло Хоҷаев бо Ленин баргузор нагашт?

Нақши ҷавонбухориён дар ҳаракати инқилобии Осиёи Миёна бузург аст. Чунки афкори ҷавонбухориён зери таъсири ҷадидони Русия шакл гирифта буд.

Вале афсӯс, ки соли соли 1918 болшевикон ҷавонбухориёнро фиреб доданд. Файзулло Хоҷаев, Фитрат бояд бо Ленин вомехӯрданд. Онҳо ба ин мулоқот сахт омодагӣ мегиранд, ба Петербург вагони пӯсти қароқул мефиристоданд. Мувофиқи ваъда онҳо бояд бо Ленин мулоқот мекарданд, аммо онҳоро Калинин қабул мекунад. Барояшон ваъда медиҳад, ки 50 самолёт, 50 000 венчестр, тиру тӯп медиҳад. Аммо на самолёт доданд, на тиру туфанги ваъдагиро. Ҳамагӣ як тӯп доданд, ки он ҳам снаряд надошт. Ҷавонбухориёнро фиреб карданд. Чунки дар Бухоро барои Ленин мағз лозим набуд, Амир ҳам мехост аз «Ҷавонбухориён» халос шавад. Ҳол он ки вазъият ба ҳадде пухта расида буд, ки  Амир Олимхон бояд тахтро холӣ кунад ва салтанати машрута (манархияи конститутсионӣ)  таъсис меёфт, роҳбарии аморати Бухороро Файзулло Хоҷаев ба даст мегирифт. Яъне, чун дар Петербург Ҳукумати муваққатӣ таъсис меёфт. Аммо болшевикон фиреб карданд. Хостанд бо дасти яке дигареро нобуд созанд. «Ҷавонбухориён» бехабар монданд, ки болшевикон пиҳонӣ бо Амир Олимхон гуфтугузор доштанд.

Кӣ ҷавонбухориёнро фурӯхт?

«Ҷавонбухориён» интизори ёрии болшевикон буданд ва бовар доштанд, ки салтанати мутлақ (обсолютная монархия) ро дар Бухоро ба салтанати машрута (конституционная монархия) иваз мекунанд. 10 000 ҷавонбухориён ба майдон мебароянд, мардум ҳам дар кӯча рехта буданд. Онҳо бояд Аркро иҳота мекарданд ва Амир Олимхон аз салтанат даст мекашид.

Қатораи зиреҳпӯши аскарони мусаллаҳи болшевикон дар даромади Бухоро — дарвозаи Қаршӣ қарор дошт. Бухорои аз зулму истибдоди чингизиёну манғитиён ҷон ба лаб омада, баъд аз ҳазор сол лаҳзаи ҳассосро паси сар мекард. Ҳама интизор доштанд, ки сарнавишти Бухоро ба дасти бухориён мегузарад. Вале садои тиру туфанг мардуми дар кӯча интизори табадуллоти осоиштаро ба ваҳшат меандозад. Аскарони болшевикон, ки салла дар сар доштанду чеҳраашонро риши сохта пиҳон мекард,  ба ҳуҷум мегузаранд. Ин манзара дар тарҳи «Ҷавонбухориён», ки қаблан аз намояндаи болшевикон силоҳ гирифта буданд, ҷой надошт. Онҳо ба ҳайрат меафтанд ва моту маҳбут чи кор карданашонро намедонанд. Мардуми ба тарс афтода, якбора ҳушёр мешавад. Муллоҳо дар кӯчаю масҷид фарёд мекашанд: «Ҷавонбухориён мардуми мусулмони Бухороро ба кофирон фурӯхтанд». Тӯда аз ин ба шӯр меояд, бо белу каланд, тиру туфанг, ҳар чи дошт, мусаллаҳ мешавад ва муқобили аскарони сурх ба ҳуҷум мегузарад. Оташи ҷанг аланга мезанад. Чунин ранг гирифтани ҳодиса ба коми Амири Бухоро буд. Фитнагарони мутаассиб мардумро ба муқобили болшевикон мешӯронанд. Аскари сурх ҷониби Қаршӣ ақибнишинӣ мекунад. Аз фурсат истифода бурда, Амири Бухоро се ҳазор ҷавонбухориёнро ба қатл мерасонад. 

—Ҷадидонро ҳамчун падидаи мусбат нишон додан шояд хилофи воқеияти таърихӣ бошад. Онҳо сиёсати Ота Туркро дар Осиёи Миёна пеш мебурданд.

(Давом дорад)

Шариф ҲАМДАМПУР

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.