Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Беҳрӯз Зеваров: Ман сурудҳоямро барои ИДМ таҳия мекунам. (MP3)

Имрӯз 15 июл рӯнамоии аввалин суруди продюсери тоҷик- Беҳрӯз Зеваров бо номи «Аиша»,  ки бо забони русӣ иншо шуда муаллифи матн- Роберт Мирзоян ва муаллифи оҳанг -Фирӯз Абдуллоев мебошанд.

Рӯнамоии суруди «Аиша» дар ҳоле руҷӯъ мекунад, ки  пештар аз ин ҷаноби  Зеваровро на ҳамчун сароянда, балки ҳамчун продюсери сермаҳсултарини Тоҷикистон мешинохтанд, аммо худи Беҳрӯз сабаби яку якбора ба сарояндагӣ рӯ оварданашро тамоман дигар хел шарҳ медиҳад:

— Ман пештар аз ин ҳам суруд мехондам, дар караоке мехондам. Аммо хеле фикр мекардам, ки оё аз ӯҳдаи ҷиддан ба ин роҳ рафтану гомҳои устувор мондан мебароям ё не. Дар аввал ман аз Таҳмина Рамазонова дарси вокал мегирифтам. Баъдан ба қавле  «баъди пухта расидан»  бо маслиҳати дӯстонам тасмими ҷиддан ба касби сарояндагӣ   рӯ оварданамро гирифтам.

Ҷаноби Зеваров мегӯяд, ки сурудҳояшро бештар барои тамошобину шунавандаи мамолики ИДМ, хусусан миллатҳои русзабони он омода месозад:

« Чаро маҳз барои ИДМ ва чаро махсусан барои русзабонҳо? Ва боз дар ҳоле, ки бозори шоу- бизнеси Русия рақабати шадидеро байни хонандагони ҳам миллаташон рус ва ҳам русзабонҳои мамолики Осиёю Аврупо ба вуҷуд овардааст? Мақсади ман шомил шудан ба ин рақобати шадид набуда, балки муаррифии фарҳанги миллатамон аст. Мехоҳам бо сурудҳои бо забони русӣ сароида ба онҳое, ки ҳанӯз ба пешрафти санъати сарояндагии муосири тоҷик бо чашми «каҷ» менигариста исбот намоям, ки дар мо низ шоу- бизнес тараққӣ кардааст», мегӯяд ӯ.

Аммо ба саволи он ки « Акнун баъди ру овардан ба сарояндагӣ фаолияти продюсериатон чӣ мешавад, Беҳрӯз чунин гуфт:

— Фаъолияти продюсериямро низ идома медиҳам, аммо бояд бигӯям, ки шумораи овозхонҳо дар командаи «Топ медиа» кам шуда, танҳо бо онҳое, ки ҷиддан кор мекунанд ҳамкорӣ мекунам. Зеро дар ин сурат ҳам кор пеш меравад ва ҳам равиши кор беҳтару хубтар гардида суруду клипҳои сарояндаҳои шомили командаи мо сифатан ба дараҷаи баланд пешкаши мухлисонашон мегардад.

Ҷаноби Зеваров сабаби кам шудани сарояндаҳои «Топ медиа»-ро алорағми бархе аз овозаҳо, ки сароянда шуд рақобат ба вуҷуд меояд ва дар ин команда дигар сарояндаҳои ба кавле «№1» «роҳ дода намешаванд, чунин шарҳ медиҳад:

— Чунончӣ дар боло гуфтам дар команда танҳо беҳтаринҳо мемонанд ва сабаби кам шудани теъдоди сарояндаҳо на шарҳи мақоли халқии «Дар як шаҳр ду подшоҳ намеғунҷад», балки дар он аст, ки вақтам хеле кам асту барои расидагӣ кардан ба продюсерии сарояндаҳо басандагӣ намекунад. Чун маро лозим аст, ки пеш аз ҳама продюсери худам бошам. Алакай чанд суруди бо забони русӣ омода кардаам бояд рӯнамоӣ шаванд, ки аксараш дуэт мебошанд. Аз онҳо яктояш бо сарояндаи рус, яктояш бо забони тоҷикӣ барои телевизионҳои Тоҷикистони худамон бо сарояндаи тоҷик  ва яктои дигараш трио бо ду сарояндаи машҳуру ботаҷрибаи тоҷик суруда мешавад.

Аммо бобати киҳоянд он сарояндаҳои бо у дуэту трио хонда Зеваров хомӯширо авло донист, дар ҳоле ки чанде пеш фотосесияи Беҳрӯз Зеваров ба Зулайхо Маҳмадшоева дар кули сомонаҳои иҷтимои бо зерунвони «Дар пайи коркарди нақшаҳои нави корӣ» рӯнамоӣ шуду баъди баромадани хабари сароянда шудани Зеваров аксаран ҳадс мезанан ки дуэти тоҷикии сароянда-продюсери тоҷик маҳз бо Зулайхо Маҳмадшоева хоҳад буд. Аммо то кадом андоза ин ақидаҳо ба ҳақиқат наздиканд инро танҳо вақт нишон хоҳад дод.

-->

Шарҳ

13 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Haramgul Kodir 15.07.2016 14:07

    Haramgul Kodir Фарангис хамин лабгавскуниро як гузориш кунед? Киматаш чанд аст ва чаррохи дар кучо сурат мегирал? Баъд чаро овозхонони мо лабхои нозукашонро ин хел африкоии мекунанд?Мо аз лаби гафс гурезон инхо баръакс!

  2. Фарангис 15.07.2016 14:09

    Хонум Харамгул агар ман аз инхо ин суолро кунам маро барои «тахкири шахсият» «говсуд» мекунанд)))

  3. Haramgul Kodir 15.07.2016 14:09

    Haramgul Kodir на гуй реклама мекунам! номакшонро найор пурс тамом! аз доштани чунин лаб маълум аст,ки чаррохи карадааст шарм намекунад ку баръакс сарватмандии онхоро ва зебогишона таргиб мекуни!азизам!

  4. Мухиддин Идиев 15.07.2016 14:10

    Эҳ лабҳо лабҳои бечора…

  5. Оксана 15.07.2016 16:58

    Фууу… Что за вид у этой девушке???!!! Ужас кошмар просто! Как можно накачивать губы да такой степенне. Ещё эти дуратские нарашки в волосы. кто вообще её стилист?!!! Даже кишлачки так не делают!

  6. Марчона 15.07.2016 17:00

    Э вы афти и мухора бин))) Нахо одам нарашкара ай пеш часпона. Зулайхо, э я бор да афтут нигох кун.

  7. Сумая 15.07.2016 17:01

    Она что беременная? Вроде животик росла, или мне так кажется?

  8. Махмуд 15.07.2016 17:02

    Не, нашуд, Бехруз чура напарницата дига кун ки….

  9. Немат 15.07.2016 17:03

    Бача хушру, лабои духтар безеб))))) Стойкашам нето, и фотограф кур будай, ки нагуфтайша а духта одам барин рост ист))))

  10. Редкая женщина 15.07.2016 17:11

    Что за стиль? Неуклюжий нарашенный волос, дурацкий мейк-ап- макияж, черные ногти, а губы-то губы, блин что за мерзость, где-же та Божественная красота которую Всевышний сам создал, а такие дурочки как она берут и портять, вспомните Мукаддас Набиеву, само совершенство женственности и красоты была, где-же этот эталон оригинальности и естественности, эх как жаль, куда катиться человечество.

  11. Мадинка 15.07.2016 17:13

    Блин причем тут Зулайхо, реч же о Бехрузе?

  12. Мирзонаби атаев 15.07.2016 17:14

    То чое ман медонам сухан дар бораи суруди аввалини Бехруз меравад Зулайхо дар ин чо…..

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.