Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Даргузашти устоди рақси тоҷик Рамзия Баккал

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, устоди рақс Рамзия Баккал дар синни 95 -солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора ҳунарманди Театри давлатии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Мирзоумари Мирзоаҳмад хабар дод.

“Яке аз шоҳсутунҳову поягузорони санъати рақси тоҷик, Устоди рақс, Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон, Рамзия Баккал Устоди беназир, ки аз соли 1947 то соли 1990 дар театри соҳили Сир ҳамчун раққоса ва сарбалетмейсетри машҳур фаъолият доштанд, дар синни 95 солагӣ моро падруд гуфтанд. Хизмати Устод дар рушди рақси миллӣ хело назаррас буда, бисёр шогирдони номиро ба воя расонидаанд.
Устодони рақс Зебо Аминзода, Зулфира ва Элзара Асановаҳо Фирӯза ва Гуландом Аюбҷоноваҳо, Сафрон ва Машҳура Ёдгороваҳо, Саодат Саломова, Элмира Юсупова ва чанде дигарон аз мактаби муаллима баҳра бардоштаанд”- гуфт, Мирзоумари Мирзоаҳмад.

Дар тарҷумаи ҳоли Рамзия Баккал омадааст:
Баккал Рамзия Усейнова (Тарсинова; тав. 9 декабри 1926, шаҳри Симферопол, Украина) — раққоса ва балетмейстери тоҷик, Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон (1983).

Солҳои 1947–71 раққосаи Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини шаҳри Ленинобод (ҳоло Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд), 1971–90 балетмейстери ҳамин театр буд. Истеъдоди баланди раққосӣ дошт, рақсҳои халқҳои гуногунро басо нарму нозук адо менамуд. Бар асоси рақси мардуми манотиқи мухталифи Тоҷикистон сюитаи чорқисмаи рақсии «Зарбҳои диёри офтобӣ»-ро таҳия ва иҷро намуд, ки писанди бинандагон гардид. Баккал рақсҳои тоҷикии «Ҷигарпора», «Занг», «Нағорабазм», «Танавор», рақсҳои хоразмӣ, ҳиндӣ, русӣ ва диг. халқҳоро бо эҳсосоти баланду назокати том иҷро кардааст. Рақсҳои бисёр спектаклҳои театрӣ, аз ҷумла, «Оршин мол-олон»-и В. Ҳоҷибеков, «Дилором»-и М. Ашрафӣ, «Рамояна»-и Н. Гусева, «Фаввораи Боғчасарой»-и А. Исломов ва ғ-ро ба саҳна гузоштааст. Рақсҳои дастҷамъона таҳиякардаи ӯ – «Шодиёна», сюитаҳои хореографии «Сулҳ», «Ҳафтранг» (рақси 7 воҳаи Тоҷикистон), «Бахти мо» ва ғ. ба рушду ташаккули рақси миллии тоҷик мусоидат намудаанд. Саҳми Б. дар тарбияи раққосони ҷавон хеле бузург аст. Ба ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва кишварҳои хориҷӣ (Афғонистон – 1966, 1972, Покистон – 1972) сафари ҳунарӣ кардааст.
Бо Грамотаҳои Фахрии Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷ. сарфароз гардидааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.