Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Пешниҳод: Ба Ҳошим Гадо унвони илмӣ диҳед!

Ба идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” номаи дастҷамъии аҳли зиёи мамлакат ба унвони Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавриди ба Ҳунарпешаи халқии СССР Ҳошим Гадо додани унвони илмӣ ворид шудааст.

Дар нома омадааст:

“Ҷаноби Фарҳод Раҳимӣ, мо ба шумо ба хотири ҳамватанамон Ҳошим Гадо – Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон, Ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, дорандаи Ҷоизаи давлатии СССР, дорандаи ҷоизаи Аноҳито, Ордени “Ситораи Президент”, Арбоби ҳунари Тоҷикистон, доктори фахрии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, профессори санъати театрӣ, муроҷиат мекунем.

Тайи 60-соли охир Ҳошим Гадо бо талошҳои хастагинопазири худ дар театру кино ва телевизион бо иҷрои нақшҳои мондагораш обрӯйи миллати тоҷикро боло бардошт. Нақшҳои Суҳроб аз филми “Рустам ва Суҳроб”-и “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, Эдип аз спектакли “Эдип”-и Софакл, Ҳамлет аз “Ҳамлет”-и Шекспир аз лиҳози драматургия душвортарин нақшҳо буда, аз ҷониби ӯ бо маҳорати баланд иҷро шудаанд. Ӯ беҳтарин иҷрокунандаи нақши Шоҳ Исмоили Сомонӣ, ки ифтихори тоҷикон аст, мебошад. Ин ҳунарманди бузурги тоҷик бахшида ба 1150-солагии устод Рудакӣ намоиши “Рӯдакӣ”-ро ба мардуми санъатдӯсти кишвар армуғон кард, ки дар ҷашнвораи “Парасту” ҷойи аввалро гирифт ва Ҳошим Гадо беҳтарин режиссёр шинохта шуд.

Ӯ тайи 40 соли охир дар Институти фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода фаъолият карда, ба тарбияи ҳунармандони ҷавон машғул аст. Аксари шогирдони ӯ Ҳунармандони шоиста ва халқии Тоҷикистонанд.

Ҳошим Гадо ҳанӯз ҳам заҳмат мекашад. Соли равон дар остонаи Ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ спектакли “Наврӯзномаи Ҳошим Гадо”-ро ба саҳна гузошт, ки мунаққидони театр онро “Сенсатсияи сол дар театри тоҷик” унвон карданд. Дар ин спектакл, дастовардҳои Тоҷикистон, аз ҷумла, хизматҳои Пешвои миллат инъикос гардидааст.

Ҳамчунин, Ҳошим Гадо ҳамчун нависанда, файласуф ва олим низ эътироф шудааст. То имрӯз 300 ҷилд осори ӯ ба нашр расидааст. Китобҳои Ҳ. Гадо дар баробари арзиши бадеиву фалсафӣ доштан, арзиши илмӣ низ доранд.

10 майи соли равон ҳунарманди дӯстдоштаи мо 84 сола мешавад.

Аз шумо муҳтарам Фарҳод Раҳимӣ хоҳиш мекунем, ки ба Ҳошим Гадо унвони илмӣ диҳед”.

Дар поёни ин мактуб, шоирон олимон, журналистон ва ҳунармандони саршинос аз ҷумла З. Мирзоиён, Қ. Рустам, М. Табарӣ, У. Шерхон, М. Ғоиб, Р. Мирзо, Т. Бобоев, М. Миров, А. Саломиён, С. Ғаффор, С. Ҷумахон, З. Абдулло ва нафарони дигар имзо гузоштаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.