Сабринаи Назрӣ: Акнун ман ҳам азоб мекашам

Блогери муваффақ ва ровии кишвар Сабринаи Назрӣ соҳиби фарзанд шуд,  аммо дар ин росто, боз падари худро аз даст додааст.

Ин шабу рӯз дӯстон, пайвандони Сабринаи Назрӣ дар Инстаграм ҳам ӯро табрик мекунанд ва ҳам ҳамдардӣ. 

Блогери маъруфи тоҷик Сабринаи  Назрӣ тақрибан пас аз  як соли оиладорӣ бо Абдулло маъруф бо номи “Абдулло Барбер” соҳиби фарзанд шуда буд.

 Никоҳи  онҳо бо ишқу муҳаббат ва аз чашми ҳаводоронашон пинҳон намемонд. Ҳамарӯза дар шабакаи Инстаграм аз ҳаёти ҳаррӯза қисса мекарданд.

Аз ҷониби дигар, блогер ва ровии машҳури тоҷик падари худро дар ин рӯзи хурсандияш аз даст додааст. То ҳол худи Сабрина дар бораи марги падараш шарҳе надодааст ва маълум нест, ки марҳум чанд сол дошту  сабаби маргаш чӣ буд.

Аҳли эҷоди сомонаи Pressa.tj ба Сабринаи Назрӣ барои тавлиди фарзанд муборакбодӣ намуда, зимнан бинобар  даргузашти падараш ба наздикону пайвандон изҳори таслият менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *