Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Тоҷикистонро филми “Беҳтарин” дар Русия муаррифӣ кард

Ин филм соли 2017 дар Тоҷикистон ба навор гирифта шуд ва  биноӣ интизор меравад Наврӯзи 2022 дар кишвари мо намоиш дода шавад.

Дар шаҳри Қазони Русия 10 сентябр филми ҳунарии “Беҳтарин” – и Муҳсин Раҳимӣ, коргардони кувейтӣ, ки дар Тоҷикистон ба навор гирифта шудааст, намоиш дода шуд.

Филм дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи соли 2017  тасвирбардорӣ шудааст ва он дар бораи қиссаи вафодории як фарди миёнсол нисбат ба ишқи нофарҷоми ӯ дар ҷавониаш нақл мекунад.

– Ба хотири маҳдудиятҳои молӣ ва шароити куруно тадвини ин филм бо таъхири чандсола анҷом шуд ва филм дар моҳи майи соли 2021 ба сурати ниҳоӣ омода шуд. Пахши он дар ҷашнвораҳои филм шуруъ шуда ва мо дар ҷашнвораи маҳаллӣ дар Торонтои Конодо финолист шудем. Ҳузур дар ҷашнвораҳои дигареро ҳам дар оянда хоҳем дошт, – гуфтааст дар яке аз мусоҳиба бо журналистон коргардони филм Муҳсин Раҳимӣ.

Муҳсин Раҳимӣ, аслан ошноиро ба сарзамини Тоҷикистон тавассути сафири Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдуллоҳ Зубайдзода  ба даст овард. Муҳсин худ мегӯяд, ки оқои сафир барояш дунёи тоҷикиро нишон дод ва оид ба ҷашну маросимҳои кишвари Тоҷикистон маро мафтун кард. Ва ман пас аз он бо сафири муҳтарам Зубайдуллоҳ Зубайдзода, робита барқарор намуда, пайваста иттило мегирифтам. Ва ҳамин мафтун шуданҳо ва дибохтанҳоям буд, ки маро ба Тоҷикистон кашонид. Ва солиёни мадиде, ки мехостам як филмномаеро бо номи “Беҳтарин” рӯи навор биёрам, бароям дар ин сарзамини сарсабзу хуррам даст дод. Ва онро офаридам. Дар ҳамин равия  коргардони кувейтӣ ба суоли он ки филми «Беҳтарин» чӣ иртиботе бо Наврӯз дорад, посух дод, қиссаи филм се рӯз қабл аз Наврӯз иттифоқ меафтад ва то нимаи аввали рӯзи Наврӯз идома меёбад. Филм бадеӣ документалӣ буда, 91 дақиқаро дар бар мегирад.

Филм дар шаҳри Душанбе, Қалъаи Ҳисор, деҳаҳои Қиблаӣ (ноҳияи Рӯдакӣ), Лоёб (шаҳри Ҳисор), шаҳри Турсунзода ва рустоҳои Дарғ ва Каздони ноҳияи Айнӣ наворбардорӣ шудааст.

Дар яке аз нақшҳои асосии филм Давлат Раҷабов ҳунарнамоӣ меунад, ки  басо самимӣ ва ҷолиб ба назар мерасад.

Интизор меравад, ки филми мазкур дар ҷашни Наврӯзи соли 2022 дар Тоҷикистон намоиш дода шавад.

Муҳсин Раҳимӣ, журналист ва коргардони кувейтӣ аст. Ӯ то ҳоло дар бораи шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик чанд барномаи телевизионӣ таҳия карда, дар бораи ҷашни Наврӯз ва ҷойгоҳи он дар рӯзгори мардуми тоҷик як мустанад ва филми ҳунарие низ сохтааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.