Зеби бадани оламиён атласи мо…

Ҳунармандони тоҷик дар сатҳи байналмиллалӣ қадрдонӣ шуданд.
Аспармо Мавлоназарова ва Дилмурод Шарипов, ду ҳунарманди тоҷик, барои иштирок дар намоишгоҳи виртуалӣ ва озмуни «Беҳтарин маҳсулоти ҳунарии дар замони пандемия истеҳсолшуда» аз ҷониби «Шӯрои байналмиллалии ҳунармандон» бо сертификат ва сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.

Ин озмун ҳанӯз 4-5-уми декабри соли 2020, дар 38-умин Ассамблеяи Генералии ин шӯро ҷамъбаст шуда, ғолибон муайян гашта буданд. Ҷоизаро пас аз 6 моҳ, намояндаи «Шӯрои байналмиллалии ҳунармандон» Азизбек Муртазоев дар доираи фестивали «Атлас ва Адрас» ба соҳибонашон тақдим кард.

Ёдрас мешавем, ки ин ҳунармандон бо дастгирии «Рушди эҷодии Тоҷикистон» дар озмун ширкат карданд. Маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуоти заргарии онҳо дорандаи нишони сифати ЮНЕСКО аст.
Амони Муҳаммад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *