Лоиқ медали тилло гирифт
Ҷудокори навраси тоҷик Лоиқ Қудбиддинов (-60 кг) дар мусобиқаи кушоди «Ҷоми Аврупо» медали тило гирифт.
Ин мусобиқа миёни наврасон дар шаҳри Анталияи Туркия доир шуд.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Лоиқ Қутбиддинов дар даври аввал Ниҳаб Раҳимовро мағлуб сохта, дар даври дуюм Сандро Шарипашвилиро аз садди роҳ дур кард.
Дар даври 1/4 ниҳоӣ ҷудокори тоҷик Ларс Кинтро мағлуб намуда, дар даври ниманиҳоӣ аз садди роҳ Лука Даташвилиро дур карда, ба финал баромад.
Дар рақобати ниҳоӣ Лоиқ муқобили Адис Орозмаматовро музаффарият ба даст овардаааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ