То чӣ андоза зуд мо бе алоқа мемонем?

Агар операторони алоқаи мобилӣ шуруъ аз имрӯз саҳмгузории худро дар рушди шабака ва дастгирии инфрасохтор қатъ намоянд, чӣ хоҳад шуд? Гап сари он меравад, ки телеком-ширкатҳои пешбар маблағҳои ниҳоят калон, садҳо миллион сомониро дар як сол бо ин мақсадҳо сарф менамоянд! Магар наметавон каме “дам гирифт” ва ҳадди ақал якчанд муддат ягон маблағеро баҳри рушди шабака сарф накарда, баландбардории нархҳоро ба нақша нагирифт? Барои ҷавобгардонӣ ба ин савол биёед бубинем, ки чунин тарзи амали “сарфакорона” ба шабака ва албатта ба муштариён чӣ хавфҳое меоварад.

…Ба садамаҳо эътино намекунем

Дилхоҳ таҷҳизот “муҳлати амали” муайян дорад. Он аз шароитҳои муҳити зист, конструксияҳо, мавҷудияти ҷузъҳои ҳаракаткунандае, ки фарсудашавиашон муҳлати истифодаро кам мекунад, вобаста мебошад. Масалан, дастгоҳҳои дизелӣ-генераторӣ (ДДГ), ки ҳамчун манбаи иловагӣ ва баъзан ҳамчун манбаи асосии нерӯ барои пойгоҳҳои базавӣ ба кор бурда мешаванд, дар шабакаҳои мобилӣ нисбатан камтар хизмат мекунанд. Лекин барои пойгоҳҳо онҳо ҳаётан муҳиманд: дизели фаъол мавҷуд набошад – ҳангоми қатъи нерӯи барқ таҷҳизот низ қатъ мегардад ва алоқа дастнорас мешавад. Хулоса: ДДГ-и нав бояд мунтазам харида, таъмин карда шавад!   

Ба қатори “дарозумрон” пойгоҳҳои базавӣ (ПБ), хатҳои алоқаи нахӣ-нурӣ ва радиорелеӣ дохил мешаванд. Муҳлати корбурди онҳо наздики 10 солро ташкил медиҳад. Лекин фаъолияти даҳсола на ҳамеша барояшон муяссар мешавад. Таҷҳизот метавонад бинобар пастубаландшавии ногаҳонии ҳарорат, яхбандиҳо, сангбориш ё селфароиҳо, ки дар минтақаҳои кӯҳӣ зиёд ба амал меоянд, аз кор бимонад. Хатҳои нахӣ-нурие, ки қад-қади роҳҳои мошингард кашида шудаанд, дар бисёри ҳолатҳо аз ҳисоби амалҳои беэҳтиётонаи ронандагони мошинҳои боркаш  ва коркунони роҳ канда мешаванд. Чунин садамаҳо одатан дахолати фавриро тақозо менамоянд, зеро вайрониҳо бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд. Фарз кардем, аз рӯи сенарияи фантастикӣ ягон чораи фаврӣ андешида нахоҳад шуд – дар чунин ҳол тамоми ноҳия ё ҳатто вилоят бе алоқа мемонад.

Ҳатто садамаҳои кӯчактарин метавонанд ба пайомадҳои глобалӣ ва ниҳоят номатлуб боис гарданд. Мисоли оддӣ: бо сабаби пастубаландшавии нерӯ платаи пойгоҳи базавӣ аз кор баромад. Лекин касе дигар наметавонад ҷузъи азкорбаромадаро иваз намекунад, зеро барои хизматрасонӣ дигар маблағ ҷудо намешавад. Ҳатто пайдо кардани ҷузъи зарурӣ номумкин аст, зеро платаҳо дигар харида намешаванд. Баъд аз чанде бинобар зиёдшавии сарборӣ тамоми ПБ аз кор мемонад. Трафик ба таври автоматӣ ба пойгоҳҳои дар наздикӣ қарордошта партофта мешавад – дар натиҷа онҳо низ маҷбур мешаванд, бо сарбории зиёдшуда фаъолият кунанд. Агар платаҳои онҳо низ аз кор бароянд, ҷузъҳои шабака низ муваққатан қатъ мегарданд. Боз ҳамон хулоса: дар ин ҷой аллакай сухан на дар бораи бадшавии алоқа, балки дар бораи он меравад, ки муштариён куллан аз алоқа маҳрум мегарданд.

Гуфтан душвор аст, ки аз кор мондани ин ё он ҷузъи хурд то чӣ андоза зуд ба чунин пайомадҳои фалокатбор оварда мерасонад, лекин ҳангоми сенарияи манфӣ ин ҳамагӣ якчанд шабонарӯзро дар бар мегирад. Хулоса: шабака бояд дар реҷаи 24/7 таҳти назорат буда, дорои бригадаҳои оперативӣ-таъмирӣ ва манбаи кифояи ҷузъҳои эҳтиётӣ бошад. Тамоми таҷҳизот аз хориҷа харида мешавад, барои ҳамин маблағи сармоягузориҳои оператор зиёдтар бо доллар нишон дода мешавад. Бояд гуфт, сухан дар бораи маблағҳои хеле бузург меравад.

…Таҷҳизотро нав намекунем

Лекин на танҳо садамаҳои эҳтимолиро дар назар бояд дошт. Технологияҳои алоқа бо чунин суръате инкишоф ёфта истодаанд, ки таҷҳизот баъзан аз ҷиҳати маънавӣ ҳатто то фаро расидани муҳлати фарсудашавии механикӣ кӯҳна мешавад. Шартан гирем, алҳол як пойгоҳи базавӣ дар муқоиса бо ҳамин гуна пойгоҳе, ки ҳамагӣ панҷ сол пеш истеҳсол шуда буд, метавонад ба даҳ ҳазор бештар муштариён хизмат расонад. Интернети мобилӣ ҳам пас аз навшавии таъминоти барномавӣ бо суръати баландтар кор мекунад. Инро метавон бо намудҳои смартфонҳо муқоиса намуд. Дар бисёри мавридҳо мо аз дастгоҳҳои кӯҳнаи худ на барои он даст мекашем, ки онҳо аз кор мондаанд, балки бо сабабе ин корро мекунем, ки онҳо аллакай аз ӯҳдаи вазифаҳои худ намебароянд. Смартфонҳои нав бошанд – бо суръати баландтар кор мекунанд, қулайтаранд, истеҳсолнокиашон баландтар аст, гигабайтҳою мегапикселҳояшон зиёдар мебошад. Дар омади гап, далели дар фурӯш пайдо шудани телефонҳои нав низ аз операторон амалҳои фаъол, аз ҷумла навкунии ТБ пойгоҳҳои базавӣ, системаи биллингӣ, қисми коммутаториро тақозо менамояд. Дар акси ҳол, шабака намуди нави дастгоҳҳоро “дида наметавонад”, ё қисме аз функсияҳои смартфонҳо фаъол намегардад.    

Таҷҳизоти шабакаи мобилӣ бо мурури вақт на танҳо кӯҳна, балки фарсуда низ мешавад. Агар дар шабака пойгоҳҳои базавӣ бо муҳлати гузашта амали худро идома диҳанд, муштариён дар вақти анҷоми занг, яқинан, садоҳои бегонаю монеаэҷодкунанда мешунаванд ё яке аз ҳамсуҳбатон аз алоқа берун мешавад. Телефон гоҳ-гоҳ аз шабака берун мешавад ва ин ҳолат, дар навбати худ, ба дастнорас шудани интернети мобилӣ боис мешавад. Хулоса: шабака бояд мавриди муосиркунонӣ қарор дода шавад! Бо ҳамин сабаб мутахассисони алоқа таҳҷизотеро, ки аз ҷиҳати назария метавонад давоми даҳ сол ва ё зиёдтар хизмат расонад, аллакай пас аз се-чор сол иваз менамоянд.

Ба манфиати мизоҷон оператор ҳарсола наздики 10% радиошабакаро мавриди модернизатсия қарор медиҳад. Аз ҳама бештар блокҳои дастгоҳҳои радиоӣ ва микропротсессорҳои пойгоҳҳои базавӣ иваз карда мешаванд – ҷойи онҳоро дастгоҳҳои нави дорои хусусиятҳои беҳтари техникӣ мегиранд. Дар асл гирем, ягон навъ таҷҳизоте мавҷуд нест, ки ба худ диққати калон ва навкунии мунтазамро тақозо нанамояд. Ин осон нест, лекин иштирочии пешсафи бозор бояд муштариёнро бо телеком-хизматрасониҳои баландсифат таъмин намояд.

Фаромӯш набояд кард, ки шаҳрвандони Тоҷикистон хизматрасониҳои алоқаро ҳарчӣ фаъолтар истифода мебаранд, пайваста теъдоди муштариёни истифодакунандаи трафик низ афзоиш меёбад. Ва аз хизматрасониҳои муосири рақамӣ ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла сокинони навоҳии дурдаст низ баҳаравар будан мехоҳанд. Хулоса: бояд шабака васеъ карда шуда, дар тамоми кишвар ПБ-и иловагӣ насб карда шаванд. Маҳз бо ҳамин роҳ алоқа ба муштариёни нав, ба ҳудудҳои нав дастрас мегардад. Ин манбаъҳои хеле бузургро талаб менамояд. Лекин оператор ҳарсола пайваста кӯшиш дорад, ки нобаробарии рақамиро бартараф кунад – ҳатто бо вуҷуди он, ки он бо ин мақсадҳо бояд сеяки тамоми даромадҳои худро сарф намояд.

Коре, ки миллионҳо сомонӣ ба он сарф мешаванд

Ана акнун каме дар бораи маблағ сухан мегӯем. Дар соли 2023 хароҷоти яке аз телеком-ширкатҳои пешбар барои сохтмон аз ҳаҷми умумии воридоти пулӣ 19%-ро ташкил дод. 9%-и дигар хароҷоти хизматрасонӣ, нигоҳдории қобилияти кории шабакаро дар бар гирифтааст. Ҷамъулҷамъ: инфрасохтор 28% ҳамаи даромадҳои ширкатро «ба худ мегирад”.

Танҳо муосиркунонии таъминоти барномавӣ, ки ба ғайр аз ҳама имкони васеъкунии зарфияти шабака ва баландбардории суръати интернетро фароҳам меорад, аз 500 ҳазор то 1 млн. долларро тақозо менамояд. Хароҷоти иҷозатномаҳо, ки бе онҳо телеком-ширкат аз истифодаи таҷҳизот ва хизматрасонӣ ба мизоҷон маҳрум аст, то 4 млн. сомониро дар як сол ташкил медиҳад. Агар ҳаҷми умумии сармоягузориҳоро ба инфрасохтор давоми даҳ соли ахир гирем, дар ин ҳолат маблағи бениҳоят бузург – 153 млн. доллари ИМА, яъне аз рӯи қурби амалкунанда 1,7 млрд сомонӣ мебарояд. Чунин хароҷотҳо хеле калонанд. Лекин агар онҳо ба сифр баробар карда шаванд, аз худи пагоҳ муштариён бе алоқа мемонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *