Лоиҳаи Теппаи-Қӯрғон омода шуд

Теппаи-Қӯрғон, маъруфтарин иншооти таърихӣ дар шаҳри Бохтар бозсозӣ мешавад. Аллакай лоиҳаи иншооти мавриди назар дар шакли нав омода шудааст.

 Абдувоҳид Саъдуллозода, сардори Раёсати сохтмони асосӣ дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки лоиҳаи Теппаи-Қӯрғон дар шакли нав ва хеле зебо омода гардидааст.

Ӯ мегӯяд, лоиҳа барои мувофиқа пешниҳод шуда, баъди иҷоза додан корҳои сохтмонӣ шуруъ мешавад.

“Бозсозии Теппаи-Қӯрғон мувофиқи нақша соли равон оғоз шуда, соли 2026 ба охир мерасад. Барои пурра ба охир расонидани корҳои сохтмонӣ каму беш 50 миллион сомонӣ ба нақша гирифта мешавад”,-иттилоъ дод номбурда.

Абдувоҳид Саъдуллозода мегӯяд, дар болои Теппаи – Қӯрғон амфитеатр, ошхонаи миллӣ ва гулгашту ҷойи тамошову истироҳат барои сокинону меҳмонон бунёд мешавад.

Ба таъкиди вай, баландии манораи иншооти мавриди назар 35 метр аст ва дар болои он тоҷ гузошта мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *