Лоиҳаи «Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ» дар муҳокима

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар сомонааш  лоиҳаи «Кодекси одоби варзишгар ва мураббӣ» -ро барои баррасӣ ба  ома манзур гардондааст.

Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ лоиҳаи мазкурро бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои фаъолияти варзишӣ, махсусан одобу қоидаҳои варзишгарон таҳия намуда, аз кормандони муассисаҳои варзишӣ, коршиносон ва мухлисону ҳаводорони варзиш низ даъват ба амал овардааст, ки бахри мукаммал кардани Кодекс таклифу пешниҳодҳояшонро дареғ надоранд.

Аз хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва мухлисону дастандаркорони варзиш  хоҳиш менамоем, ки фикру дархостҳои худро тариқи почтаи электронии «tojikiston@pressa.tj» ё телефони 2385451 ва 985508019 (Назаров Эмом- масъули варзиш) ирсол намоед. Ҳамчунин, таклифу дархостҳоятонро метавонед ба почтаи электронии [email protected] ё тариқи телефонҳои 2363166 (Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши КҶВС) пешниҳод намоед.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *