Лолаи Саидакбар: Дурӣ аз китоб фарзандони моро ба робот табил медиҳад!
Муаллимаи адабиёте бо хандаи талх аз бесаводии шогирдонаш нақл карда, мегўяд: “Дирўз мавзўи дарсамон аз адабиёти муосир тарҷумаи ҳоли шоири маъруфе буд”.
Ҳоло ба баёни мавзўи нав оғоз накарда, як шогирдам пурсид:
— Малима, ин шоир соли 1947 таваллуд шида бдай, соли вафотш маълум нест-чӣ?
Ба ў гуфтам, ки хушбахтона, ин шоир ҳоло дар қайди ҳаёт аст ва сарзанишаш кардам, ки наход яке аз адибони машҳури адабиёти миллаташро нашиносад?
Ин ҳодисаи ягона нест, аксарияти ҷавонони мо имрўз аз кўчаи маърифат фарсахҳо дур буда, адабиёти бадеӣ, ҳатто фанни адабиётро дар мактабу донишгоҳ фанни нодаркори охириндараҷа медонанд. Ва бе ягон баҳс хатои бузурге мекунанд, зеро танҳо адабиёт аз як кўдаку як наврас инсони комил месозад. Бархе бар он ақидаанд, ки барои онҳое, ки илмҳои дақиқро меомўзанд, хондани китобҳои бадеӣ он қадар муҳим нест, вале ҳаргиз ин тавр нест. Гумони ғолиб он аст, ки ҳар ҷавони огаҳ зи «Шоҳнома» ватандўсти беҳтарин ба воя мерасад. Зеро ғояи ин асари баландмартаба аз дўст доштани Ватан ва муқаддас доштани марзу буми аҷдодӣ иборат аст.
Мо дар давраи хеле ҳассосе зиндагӣ дорем, ки раванде бо номи ҷаҳонишавӣ оламро фаро гирифтааст. Чун Тоҷикистон низ як увзи ин ҷомеаи ҷаҳонист, ба фарҳангу маърифат ва урфу одати мо он бетаъсир нест. Аз касе пўшида нест, ки вазъияти фарҳангии ҷомеаи мо имрўз ба ҳадди зиёде дар дасти шабакаҳои интренетӣ ва телевизион қарор дорад. Чун ба гуфтору рафтор ва амалҳои мардумамон назар меандозем, мебинем, ки фарҳанги чандинҳазорсолаи мо бо чӣ бегонагиҳои фаҳше омехта шудааст.
Дурӣ аз китоб ва адабиёти асил бошад, дар ин давраи ҳассос фарзандони моро ба роботҳои беҳис табил медиҳад, ки мо алаккай оғози онро шоҳидем. Дурӣ аз китоб инсонро ба фоҷиа мебарад. Аз ин рў, бо китоб ошно намудани кўдаконро аз оила сар намудан лозим аст. Агар ин кор аз оила сар нашавад, ягон мактабу донишгоҳ ва озмунҳои бошукуҳ низ наметавонанд кўдакони моро китобхон кунанд. Хондани китоби бадеӣ танҳо барои забондон шудан не, балки барои тарбияи ахлоқӣ шарт ва зарур аст. Ба фарзандон таъсири бузург доштани сухани созандаро фаҳмондан даркор аст.
Ба ёд овардани як ҳодисаи сарнавиштсоз дар таърихи миллати тоҷик кофист, ки мо ба қудрати сухану суханвар тан диҳем. Агар пешвои маънавии мардуми мо Устод Садриддин Айнӣ ба Сталин, ки бо иғвои чанд душман, тоҷиконро чун як қавми дар ҳудуди Осиёи Миёна умр ба сар мебурда медонист, таърихи адабиёти тоҷикро пешниҳод намекард, миллати мо аз як муштак хоки падарӣ, ки аз Хуросони бузург ёдгор аст, бенасиб мемонд. Ана, инро мегӯянд вазни сухан! Аз ин бармеояд, ки сухани созанда метавонад кори сад шамшеру силоҳ ва тайёраи ҷангиро ба анҷом расонад.
Дар хонаи тоҷик аз қадимулайём китоб дар ҷойи баландтарину покизатарин нигаҳдорӣ мешуд, яъне муқаддас буд. Ба хотири аз фоҷиа раҳонидани фардои хеш, бояд фа
рзандонамонро ба китобхонӣ ҷалб кунем ва дар равоқи ҷевонҳои қимматбаҳои манзиламон ба ҷойи ҷому табақҳои булӯрин китоб гузорем…
Лолаи САИДАКБАР, рӯзноманигор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ