Лукашенко гуфт, ки афроди ношинос қасди куштанашро доранд

Президенти Беларус Александр Лукашенко гуфт, ки афроди ношинос ба омодасозии сӯйиқасд ба ҷони ӯ машғуланд. Вай дар ин бора дар барномаи «Соловьев Live»-и шабакаи YouTube эълон доштааст.

Дар посух ба суоли рӯзноманигор ва барандаи телевизион Владимир Соловёв президент қайд кардааст, ки онҳо «худи ҳозир» ӯро куштаниянд. “Ҳоло ҳатто ту назди ман нишастаиву инро намедонӣ”,- мегӯяд ӯ ба рӯзноманигор.

Раҳбари Беларус афзудааст, ки баъди як моҳ ҷузъиёти ин мавзуъро маълум хоҳад кард. Ӯ зикр намудааст, ки афроди ношинос ба фарзандони ӯ низ таҳдид мекунанд.

Бино ба иттилои “Комсомолская правда”, моҳи апрели соли 2021 низ Александр Лукашенко дар бораи омодагӣ ба сӯйиқасд ба ҷони ӯ ва фарзандонаш сухан гуфта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75