Лукашенко шӯхӣ кард, ки аз Путин хафа шудааст

Александр Лукашенко шӯхӣ кард, ки аз президенти Русия Владимир Путин барои даъват накардани ӯ ба истироҳат дар Ҷумҳурии Тува хафа шудааст.

Дар ин бора президенти Беларус зимни мулоқот бо роҳбари ин минтақаи русӣ Владислав Ховалиг гуфтааст.

Лукашенко гуфтааст, ки Ҷумҳурии Туваро «афсона» медонад ва манзараҳои табиати онро танҳо дар суратҳо медиду орзу дорад, ки ба он ҷо равад ва ҳама чизро бо чашми худ бубинад.

Қаблан президенти Беларус гуфта буд, ки аз шакли нави коронавирус – «омикрон» сироят ёфтааст ва қайд кард, ки аз оғози пандемия бори дуввум ба бемории COVID-19 гирифтор шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *