Маҳмадшо Гулзода: Бо Донишгоҳи тиббии Бухоро ҳамкориро оғоз кардем (АКСҲО)

Имрӯз дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон  конфронси илмӣ дар мавзӯи “Илми тиб-имкониятҳои нав” баргузор гашт.

Маҳмадшоҳ Гулзода, ректори ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино конфронсро оғоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам гуфт. Номбурда зикр намуд: боиси ифтихор аст, ки ҳамасола ба унвонии конфренсия аз 425 муассисаҳои олии Федератсияи Русия, Белгия, Испания, Украина, Молдава, Беларуссия, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон мактубҳо ирсол мегардад.

Дар конфронси имрӯза Рустами Аҳтам, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Султонмуроди Бегмурод, сардори Хадамоти назорати давлати тандурустӣ ва ҲИАҶТ, Ғоибзода Алиҷон, Президенти Академияи илмҳои тиббӣ назди Вазорати тандурустӣ, инчунин, 40 нафар олимони ҷавон аз кишварҳои хориҷи кишвар, устодону донишҷӯён ва намояндагони  васоити ахбори омма иштирок намуданд.

М. Гулзода қайд намуд, ки мо ташрифи шуморо солҳои зиёд интизор будем. Бо иродаи қавии сиёсии президентони мо марҳилаи нав ҳамкориҳои нави Тоҷикистону Ӯзбекистон-ин ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар оғоз гардид. Аз ташрифи шумо шодем  ва мо ҳамкориҳои дуҷонибаро бо Донишгоҳи тиббии Бухоро ба имзо расонидем.

Лозим ба ёдоварист, ки ин 13-умин конфронси илмӣ-амалии олимони ҷавон ва донишҷӯёни ДДТТ ба номи Абӯалӣ Ибни Сино бо иштироки намояндагони хориҷӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *