«Hyundai Starex» дигар ба роҳҳои марказӣ роҳ дода намешавад

Шурӯъ аз 1 майи соли равон ҳаракати микроавтобусҳои тамғаи «Hyundai Starex» дар роҳҳои марказии пойтахт қатъ гардида, фаъолияти онҳо дар хатсайрҳои наздишаҳрӣ ба роҳ монда мешавад.

Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иттилоъ доданд, ин тадбир бо мақсади аз байн бурдани тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, коҳиш додани шумораи нақлиётҳое, ки ба мусофиркашонӣ мутобиқ нестанд, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ва дар ин замина роҳандозии автобусҳои наву замонавии ғунҷоишашон калони ба мусофиркашонӣ махсусгардонидашудаи «AKIA» мебошад.

Бино ба иттилои манбаъ, ҳаракати микроавтобусҳои тамғаи «Hyundai Starex», ки дар хатсайрҳои №2,№8, №13, №16 ва №25 аз кӯчаҳои марказии пойтахт убур менамоянд, қатъ карда мешавад.

Дар ин росто,  ба ҷои микроавтобусҳои «Hyundai Starex» микроавтобусҳои тамғаи «Mercedes-Benz Sprinter», «Volkswagen», «IVECO» ва ҳамчунин то охири сол беш аз 100 автобуси  «AKIA»,  ки тибқи қарордоди баимзорасонидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия, дар корхонаи муштараки тоҷикию туркии «AKIA-AVESTO» дар шаҳри Душанбе истеҳсол мегарданд, барои хизматрасонии мусофирон сафарбар карда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки микроавтобусҳои «Hyundai Starex» аллакай аз хатсайри №28 бароварда шуда, дар хатсайри №36 ба роҳ монда шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *