Ду медали тиллои паҳлавонони тоҷик аз Ҷалолобод

Дар мусобиқоти ҷаҳонии «Ҷиу- ҷитсу»,ки дар Имороти Араб баргузор гардид. Зоирҷон Марасулов дар вазни 85 кг ва Зоирҷон Рӯзиматов дар вазни 59 кг бар ҳамаи ҳарифони пурзӯрашон ғолиб омада ва медоли тиллоро ба даст оварданд. Ҳарду ҷаҳонпаҳлавон аз тоҷикони шаҳри Ҷалолободи Қирғизистонанд.

Қодиршоҳи Мурувват

Ахиран ду варзишкори номдори Қирғизистон аз миёни тоҷикони ин ҷумҳурӣ дар мусобиқоти ҷаҳонӣмақоми аввалро ба даст оварда ва медолҳои тиллоро ба гардан овехтанд.

Тибқи гузориши расонаҳои Қирғизистон, дар мусобиқоти ҷаҳонии «Ҷиу- ҷитсу»,ки дар Имороти Араб баргузор гардид. Зоирҷон Марасулов дар вазни 85 кг ва Зоирҷон Рӯзиматов дар вазни 59 кг бар ҳамаи ҳарифони пурзӯрашонғолиб омада ва медоли тиллоро ба даст оварданд.Он нукта ҷолиб аст,ки Зоирҷон Марасулов дар бахши ҳирфавӣ ҷоизаи аввалро соҳиб гардид.
Бояд қайд намудки дар шаҳри бостонии Ҷалолобод авлоди Марасуловҳо аз сад сол ба ин тараф зиндагӣ мекунад. Тавре Баҳромҷон Марасулов- раиси Созмони тоҷикони вилояти Ҷалолобод мегӯядаввали қарни 20 падари ӯ — Ҳайдаркул Марасулов аз ноҳияи Ашти Тоҷикистон ба шаҳри Ҷалолобод омада ва ин ҷоро маҳалли зиндагии худ ихтиёр мекунад. Ҳамин тавр , бо мурури айём , теъдоди тоҷикон дар ин ҷо афзуда ва ҳоло онҳо дар як маҳалла канори якдигар кору зиндагӣ менамоянд.
То ин дам аз ин ҳонаводаи варзишдӯст, чандин қаҳрамонони ҷаҳон ва Осиё дар намудҳои гуногуни куштӣ ва намудҳои муҳорибавӣ ба майдон омадаанд.
Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абуабдулло Рӯдакӣ аз ин дастоварди тоҷикписарон изҳори хурсандӣнамуда ва ин пирӯзиҳоро ба ҳамаи ҳамзабонон табрик мегӯяд.
Субҳи имрӯз , ҷумъаи 27 апрел гуруҳи варзишкорони ҷалолободиро дар фурудгоҳи Манас истиқбол гирифтаву ва ба зодгоҳашон гусел намудем. Қарор аст дар Ҷалолобод ба ифтихори ин паҳлавонони номӣ, бо ҳузури мақомоти расмии шаҳру вилоят маросими вижа доир гардад.Созмони тоҷикони ба номи устод Рӯдакӣ низ ба ин ҳотир ҷоизаи таъсисдодаи худро ба Зоирҷон Марасулов ва Зоирҷон Рӯзиматов тақдим мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *