Мактуби ғулом
“Асири Иркутск” тоҷик аст ё аноним?
Сарусадоҳо дар бораи он ки як ширкати сохтмонӣ дар шаҳри Иркутски Федератсияи Русия, ки як зумра аз муҳоҷирони Осиёи Марказиро дар ғуломӣ нигоҳ медоранд, фазои маҷозӣ (Интернет)-ро гӯё тарконид. Ибтидо ин хабар чун овоза дар сомонаҳо паҳн шуд, ки гӯё як сокини вилояти Москва аз дохили тахтаҳо мактуберо пайдо кардааст, ки аз ҷониби яке аз он «ғуломон» талаби кумак карда шудааст. Ҳатто дар сомонаҳои интернетӣ чанд намуд нусхаи мактуб ҳам паҳн шуд, ки баъдан сохта будани онҳо ошкор гардид.
Баъди пахши ин хабар мақомоти Русия онро бедалел хонданд ва будани чунин як мактуб ва ё «ғуломон»-ро рад карданд.
Аммо телевизиони НТВ зимни таҳияи як гузориш ба овозаҳо нукта гузошт ва будани чунин як мактубро тасдиқ намуд ва намунаи мактуби асосиро пешниҳод кард.
Сокини Подмосковйе Серепухов барои сохтмонаш аз вагон тахта харид ва ҳини ҳамлу нақли он аз дохили тахтаҳо коғази пачақу маҷақшудаеро пайдо намуд. Ӯ аввал ба коғаз диққат надода, ба сифати тахтаҳо ва тобпартофта набудани онҳо диққат мекард, аммо ҳисси кунҷкобӣ ки чӣ гуна як варақ дар даруни тахтаҳо пайдо шуд, ӯро ором нагузошт ва коғази ғиҷимшударо аз замин бардошта, гӯё шах шуд. Дар мактуб, ки аз ҳусни хаташ маълум бисёр саросема навишта шудааст, омадааст: «Спасите, пожалуйста, мы приехали из Средней Азии. У нас отобрали паспорта, платят деньги едой. Вызовите полицию. Алибек». («Илтимос моро наҷот диҳед. Мо аз Осиёи Миёна омадаем. Шиносномаҳои моро гирифтанд, маошамонро бо хӯрок ҳисобӣ мекунанд. Ба пулис хабар диҳед. Алибек»).
Серпухов баъди мутолаи мактуб даррав матни онро дар сомонаҳо ҷой кард, аммо далели қотеъ ки дар дасташ набуд, боиси сар задании гумону шубҳаҳои зиёд гардид.
Аммо ду рӯз пас аз ин кормандони шабакаи федералии НТВ аз пайдо шудани чунин мактуб гузориш дод ва акси мактуби Серепухов ёфтаро ба мақомот пешниҳод кард.
Дар қаламрави Федератсияи Русия ин аввалин бор нест, ки «ғуломдорӣ»-ии муҳоҷирон аз ҷониби гурӯҳҳои алоҳида ошкор шуда бошад. «Ғуломдорӣ дар Русия солҳои охир рӯ ба афзоиш аст», — менависад «газета.ru». Манбаъ муътақид аст, ки дар паси мактуб ҳақиқат нуҳуфта бошад ва воқеан теъдоде аз муҳоҷирон дар ҳолати ғуломӣ қарор дошта бошанд».
Коршиноси масоили сиёсӣ ва публитсист Анатолий Вассерман сабаби рушди ғуломиро дар буҳрони иқтисодӣ ва надонистани ҳуқуқҳои шахсии худи муҳоҷирон медонад.
Соли равон ҳомиёни ҳуқуқи башар аз ташкилоти «The Walk Free Foundation» Русияро дар миёни 167 кишвари «ғуломдор» дар ҷойи 7 – ум гузоштанд. Дар натиҷаи таҳқиқоти ин созмон маълум гардид, ки имрӯз дар Русия наздики 1 млн 48,5 ҳазор ғулом мавҷуд аст, ки 0,73% -и теъдоди умумии аҳолиро ташкил медиҳад. Яке аз фаъолони ҷамъиятии рус Олег Мелников мегӯяд, ки «Аз 167 давлат дар 7-ум қарор гирифтани Русия маро сахт дар ҳайрат гузошт. Ин хандаовар аст, ки дар ҳамсоягии мо КНДР ва Нигерия истода, дар чунин вазъ бошем». Мелников дар масъалаи пайдо шудани мактуб ва воқеияти он мегӯяд, ки ин мактуб бояд ҳақиқат дошта бошад, зеро иддае аз муҳоҷирон воқеан дар ҳолати бад қарор доранд ва ҳуқуқҳои онҳо ба таври бояду шояд ҳимоя намешавад. Мелников ҳамчунин аз ҳодисаи дар ғуломӣ будани шаҳрванди Украина — Алесандр Артёмов мисол меорад, ки соли гузашта аз ҷониби ташкилоти тобеи ӯ — «Алтернатива» ошкор шуда буд.
Аммо мақомоти Русия ҳанӯз ҳам ҳақиқат доштани матни мактубро беасос ва бефакт хонд. Бино ба иттилои шуъбаи тафтишотии вазорати корҳои дохилии Русия бино ба натиҷаи таҳқиқот дастгоҳи арракуние, ки чӯбҳоро ба воситаи он буридаанд, ба ширкати «Айсберг — Сибир», ки ба истеҳсоли чунин дастгоҳҳо маъруф аст, тааллуқ дорад. Варақе, ки дар он мактуби «ғуломон» навишта шудааст, як қисмати коғазе мебошад, ки дар он нишонии «ООО «Айсберг – Сибир» навишта шудааст. «Аммо, – менависад манбаъ, – ин гуна дастгоҳ дар Русия ва ҳатто дар Иркутск хеле зиёд аст».
Бино ба иттилоъи манбаъ, Серпухов тахтаҳоро тариқи Интернет дархост додааст ва маҳз ба кадом ширкат таалуқ доштани он то ҳол маълум нест. Хадамоти тафтишотии федератсияи Русия дар вилояти Иркутск дар сомонаи расмиаш иттилоъ медиҳад, ки онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то ҳама корхонаҳои тахтатайёркунии вилоятро зери назорат бигиранд.
Фаъолони Интеранет аз Тоҷикистон низ сахт нигарон ҳастанд ва шубҳа доранд, ки эҳтимол Алибек тоҷик бошад. Як нафар аз корбари фаъоли сомонаҳои иҷтимоӣ Насриддин Оев менависад, ки бояд мақомоти Тоҷикистон низ дар симои сафорати Тоҷикистон дар Маскав аз мақомоти Русия талаб кунанд, ки кӣ будани Алибек ошкор шавад, зеро кам нестанд тоҷиконе ки дар қаламрави Русия бедарак шуда бошанд.
Дар мавриди воқеияти ин мактуб таҳқиқоти мақомоти Русия идома дорад ва аз натиҷаи он дар шумораҳои наздиктарин иттилоъ хоҳем дод.
Одили Нозир,
«Тоҷикистон»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ