Дар Туркиё байрақи Амрикоро сузонданд!

 Дар Туркиё дар назди пойгоҳи НАТО, мухолифони будубоши НАТО, хусусан  низомиёни ИМА дар ин кишвар, байрақи ИМА-ро сӯзониданд.

Фаъолони асотсиатсияи ҷавонон бо парчами Туркия то даромадгоҳи дарвозаи НАТО, ки дар ҷануби кишвар ҷойгир шудааст, гирдиҳамоӣ баргузор намуданд. Тазоҳургурон зидди ҳузури низомиёни ИМА дар кишвар баромад карданд.

Ба ақидаи тазоҳуротчиён пойгоҳи низомӣ ҳангоми табадуллоти давлатӣ истифода шудааст.

Инджирлик-пойгоҳи ҳарбиест, ки дар деҳаи Адана ҷой гирифта барои нигоҳдории қувваҳои ҳавоии ИМА ва Туркия истифода мешавад. Дар он ҷо ҳавопаймоҳои кишварҳои аъзои эътилофи зидди Давлати Исломӣ ва яроқи ҳастаии НАТО нигоҳдорӣ мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *