Малахов аз кори телевизион истеъфо дод

Зоҳиран хабари аз «Шабакаи якум”-и телевизиони Русия рафтани муҷрии номдораш Андрей Малахов рӯз то рӯз воқеитар мешавад. Рӯзи ҷумъа аъзои ҳайъати эҷодии барномаи «Пусть говорят” чизу чораашон, бо шумули муҷассамаи қоғазии Малаховро ғундошта, аз кор рафтанд.

Манобеи огоҳ дар «Шабакаи якум”-и телевизиони Русия ба хабаргузории РИА Новости гуфтаанд, ки раҳбарияти ин шабака аризаҳои аз кор рафтани аъзои ҳайъати эҷодии барномаи «Пусть говорят”-ро алакай имзо кардааст ва танҳо аризаи худи Андрей Малахов – муҷрии ин барнома мондааст, ки бояд имзо шавад.

Хабари аз «Шабакаи якум” рафтани Андрей Малахов, ки қариб 20 сол боз яке аз чеҳраҳои асосии ин шабака ба шумор мерафт, аз ибтидои фасли тобистон, бо оғози мавсими таътилот аз мавзӯъҳои асосии вирди забони расонаҳо боқӣ мемонад.

Худи Андрей Малахов дар бораи ин ин сарусадоҳо то ҳол изҳори назар накардааст, вале манобеи мухталиф мегӯянд, ки ӯ тасмимашро алакай гирифтааст вва зоҳиран ба шабакаи телевизионии «Россия” ба кор хоҳад гузашт.

Ба гуфтаи ин манобеъ, Андрей Малахов бо продюсери нави барномаҳояш, ки аз ҷониби мудири «Шабакаи якум” Константин Эрнст таъйин шудааст, забони умумӣ ёфта натавонист ва ба раҳбарони шабака шарт гузоштааст, ки «Ё ман, ё ӯ.”

Роҳбарони «Шабакаи якум” низ то имрӯз расман овозаҳои бархоста дар бораи эҳтимоли аз кор рафтани як ситораи асосии ин шабакаро шарҳ надодаанд. Вале як манбаи огоҳ дар ин шабака гуфтааст, ки рафтани Малахов аз кор тақрибан ниҳоӣ шудааст ва танҳо шароити рафтани ӯ бояд мавриди музокира қарор бигирад.

Дар ҳамин ҳол, Наталия Галкевич, продюсери «Пусть говорят» ва «Сегодня вечером» — ду барномаи асосие, ки Андрей Малахов дар «Шабакаи якум” гардонандагӣ мекард, дар саҳифааш дар Инстаграм видеоеро нашр кардааст, ки дар он лаҳзаи чизу чораи худро ғундошта, тарки идора кардани аъзои ҳайъати эҷодии ин ду барномаро тасвир мекунад.

Наталия Галкевич дар ин видео хитоб ба Елена Малишева, муҷрии дигари «Шабакаи якум” эътироф мекунад, ки онҳо алакай аз кор рафтанд ва ӯ барои худ ҷои кори нав ёфтааст: «Ман рафтам аз кор, Лена. Мо ҳамаамон рафтем.”

Галкевич, ки муҷассамаи қоғазии Андрей Малахов дар дасташ буд, дар назди даромадгоҳи «Шабакаи якум” ҳатто шӯхиомез мегӯяд: «Ба бекорон ягон чиз хайр кунед.”

Андрей Малахов, ки соли 1995 риштаи журналистикаи Донишгоҳи Маскавро бо дипломи сурх хатм кардааст, ҳанӯз дар даврони донишҷӯияш ҳамкориро бо «Шабакаи якум” сар карда буд. Ӯ баъди хатми донишгоҳ дар барномаи бомдодии «Шабакаи якум” чанд сол кор карда, соли 2001 муҷрии ток-шоуи «Большая стирка» интихоб шуд. Ин барнома Малаховро билофосила ба яке аз ситораҳои рақами яки «Шабакаи якум” табдил дод.

Малахов ба дунбол дар соли 2004 барномаи «Пять вечеров” ва соли 2005 барномаи «Пусть говорят»-ро ба роҳ андохт.

Малахов яке аз гаронбаҳотарин муҷриҳои барномаҳои телевизионӣ дар Русия ба шумор меравад. Даромади ӯро 1,2 миллион доллар баровард мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *