Хатнатӯй бидуни сарояндаҳо мешавад

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 23 август маҷмӯаи тағйирот ба қонуни танзими расму ойинро баррасӣ мекунад. Бар асоси ин тағйирот, баргузории тӯйи хатна аз ин ба баъд фақат дар доираи оила сурат гирифта, забҳи чорво дар тамоми маъракаҳои азодорӣ манъ карда мешавад.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 11 август фармонеро нашр кард, ки бар асоси он рӯзи 23 август иҷлосияи дуюми ғайринавбатии Маҷлиси намояндагон – палатаи поёнии парлумон даъват карда мешавад. Як масъалаи асосие, ки бояд дар ин иҷлосия баррасӣ шавад, маҷмӯи тағйирот ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳост. Вакилон ҳамчунин тағйирот бо чанд қонуни дигар, аз ҷумла қонуни маориф, кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунанд.

Дар сомонаи расмии президент шарҳи муфассале нашр шудааст, ки кадом бандҳои наве ба қонуни танзим илова шуда ва кадом расму анъанаҳо маҳдуд ё манъ карда мешаванд.

Аз ҷумла аз ин ба баъд тӯйи хатна фақат дар доираи оила ва бидуни даъвати овозхонҳо бояд баргузор шуда, кӯдаконро бояд алакай то бистрӯзагиашон дар бемористон ба таври ройгон хатна кунанд.

Баргузор кардани маъракаҳое, чун номгузорӣ, гаҳворабандон, чиллагурезон, мӯйсаргирон низ аз ин ба баъд танҳо дар доираи оила ва бе даъвати овозхонҳо иҷозат буда, маъракаи ақиқа комилан манъ карда мешавад.

Дар мавриди тӯйҳои арӯсӣ низ тағйирот ворид шуда, гузаронидани маъракаҳои ноншиканон, модарталбон, падарталбон, чодарканон, муборакбодӣ, шаҳтоз (роҳбандон) манъ карда мешавад.

Ҳамчунин аз ин ба баъд тамоми маросими дафну азодорӣ бе забҳи чорво ва бе додани таом бояд гузаронида шаванд. Аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бе забҳи чорво ва бе додани таом гузаронида мешаванд. Дар маросими дигари манъшудаи «оши сари тахта», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ», «ҳафт», «бист» ва «шашмоҳагӣ» низ забҳи чорво ва додани таом манъ карда мешавад. Маъракаи Ҳоҷизиёрат низ аз ин ба баъд дар Тоҷикистон мамнӯъ мешавад.

Дар қонун ҷаримаи шахсони мансабдор барои вайрон кардани қонуни танзим то 25 ҳазор сомонӣ ва ҷаримаи ходимони дин ва соҳибкорон то 35 ҳазор сомонӣ боло бурда шуда, барои дағалона вайрон кардани ин қонун афроди алоҳида то 30 ҳазор ва мансабдоронро то 40 ҳазор сомонӣ ҷарима хоҳанд баст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *