Манижа ба саҳна бармегардад, агар…

 Овозхони шинохтаи тоҷик Манижаи Давлат, ки 11 сол пеш аз саҳна канор рафта буд, эълон кардааст, ки ба саҳна бармегардад, вале ба як шарт.

Имкони бозгашти Манижа ба саҳна билофосила мавҷи истиқболи гарми мухлисонашро ба бор овардааст.

Манижаи Давлат, ҳунарманди шинохтаи тоҷик рӯзи 2 август тавассути саҳифааш дар шабакаи Фейсбук баёнияеро барои кулли расонаҳо нашр кард, ки дар он эълон кард, ки баъди 11 соли танаффус ба зудӣ ба саҳна бармегардад, вале ба як шарт. Шарти Манижа, тавре дар баёнияаш ишора мешавад, ин аст, ки онҳое ки дар вақташ ӯро аз саҳнаву аз ҳаводоронаш дур карданд, ҳоло худ аз саҳна канор бираванд ва ҳамон гуна ки ӯ ба онҳо 11 сол фурсату шанс дод, ҳоло роҳи ӯро бикушоянд.

Ба ҳар сурат, ин барои аввалин бор аст, ки Манижаи Давлат натиҷаи душмании бархе ҳамкасбонаш будани рафтанаш аз саҳна дар соли 2006-ро иқрор мекунад. Вале Манижа аз он санъаткороне, ки монеи идомаи ҳунарнамоии ӯ шудаанд, мушаххасан ном набурдааст.

Манижаи Давлат дар баёнияаш менависад:

Барои баъзе санъаткорҳое, ки хелеее талош карданд, ки ман аз саҳнаву ҳаводоронам дур шавам то ки онҳо рушд кунанд ва барои ин бисёр чизҳо ва номи бисёр нафаронро истифода бурданд, ҳарчи ки хостанд, дареғ надоштам ва шанс додам. Гуфтам: агар ба ҳамин қадар кор ки душмани ман хурсанд гардад, ман розӣ…
Саволе ба миён меояд, ки онҳо ҳам метавонанд 11-12соли умри худро барои ман дареғ надоранд? Агар тавонанд-МАН БА САҲНА МЕБАРОЯМ!
Манижаи Давлат барои кулли расонаҳо.m.d

Эълони имкони бозгашти базудии Манижаи Давлат билофосила ба мавҷи истиқболи гарми мухлисонаш рӯбарӯ шудааст. Аксарият навиштаанд, ки мухлисони овози ширини Манижа бесаброна мунтазири дубора дидани ҳунарнамоиҳои ин ситораи маҳбубашон мебошанд.

Саид Алӣ Вализода аз ҷумла навиштааст: «Манижахони азиз, Шумо бояд исбот кунед ба душманонат ки баъди 12-12 сол хам хануз азизи дилу дидаи мухлисонат хастед ва мухлисонат бо умед Шуморо дар сахна интизоранд.”

Зулхумор Шарипова низ бо истиқбол аз тасмими Манижа чунин навиштааст: «Манижаи азиз, ту барои он азизи мардум шудаӣ, ки тавонистаӣ (маҳз тавонистаӣ!) баъди он қадар шӯҳратёрбуданҳо дар синни хеле ҷавонӣ хилватро ихтиёр кунию аспи саманди нафсро ғолиб оӣ ва майдонро бе ҳеҷ дудилагӣ ба рақибон супорӣ…Пас, дигар дар иваз интизор мабош, ки касе барои ту чунин бояд кунад.Бузург касест, ки якум шуда ба ҳар чӣ қадам пеш мегузорад!”

Исмоил Абдуллоев низ Манижаро барои бозгашт ташвиқ кардааст, то алорағми он ҳама рақибонаш миёнро маҳкам бандад: «Апаи Манижа ин душманхои шумо майдоншери хонагарибанд онхо наметонанд кори шуморо кунанд лекин ман ба шумо мегуям душманатро бо ханда нобут кун баро басахна шуморо тамоми кули Точикистон интизор аст.”

 

Манижаи Давлат 31 декабри соли 1982 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омада, соли 1999 мактаби рақами 8-уми шаҳри Кӯлоб ва соли 2006 риштаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Манижаи Давлат дар соли 2001 ба саҳна омад ва дар як муддати кӯтоҳ ба яке аз овозхонҳои раддаи аввали эстрадаи тоҷик табдил ёфт. Дар ибтидои солҳои 2000 таронаҳои Манижаи Давлат се сол паиҳам ҷоизаҳои озмуни «Суруди сол”-ро ба даст оварданд.

Манижаи Давлат дар баробари Шабнами Сурайё ва Нигина Амонқулова аз ангуштшумор намояндагони насли нави овозхонони зан аз Тоҷикистон аст, ки берун аз Тоҷикистон, бахусус дар Афғонистону Эрон, Узбекистон ва дар минтақаҳои тоҷикнишини Чин шинохта шудаанд.

Аммо баъди ҳамагӣ се соли ҳунарнамоӣ, вақте шӯҳрати Манижаи Давлат дар нуқтаи авҷаш қарор дошт, ӯ ба таври ногаҳонӣ тарки саҳна кард ва ҳиҷобпӯшу гӯшанишин шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

8 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *